Тоҷикон нисбат ба як соли пеш хушбахттар шудаанд

Тоҷикистон дар радабандии нави “Ҳисоботи хушбахтии дунё” (World Happiness Report) се зина бола рафта, мавқеи 80-умро ишғол кардааст. Беҳтарин натиҷаи Тоҷикистон дар ин радабандӣ соли 2020 ба қайд гирифта шуда буд, ки мавқеи 71-умро ишғол мекард. Радабандии “Ҳисоботи хушбахтии дунё” аз соли 2012 бо қарори Созмони миллали муттаҳид тартиб дода мешавад. Зимни таҳияи он нишондиҳандаҳои […]

Манижа Раҳмонова, махсус барои Asia-Plus

Тоҷикистон дар радабандии нави “Ҳисоботи хушбахтии дунё” (World Happiness Report) се зина бола рафта, мавқеи 80-умро ишғол кардааст. Беҳтарин натиҷаи Тоҷикистон дар ин радабандӣ соли 2020 ба қайд гирифта шуда буд, ки мавқеи 71-умро ишғол мекард.

Радабандии “Ҳисоботи хушбахтии дунё” аз соли 2012 бо қарори Созмони миллали муттаҳид тартиб дода мешавад. Зимни таҳияи он нишондиҳандаҳои асосии сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла давомнокии умр, ММД ба сари аҳолӣ, дастгирии иҷтимоӣ дар марҳилаҳои душвор, сатҳи пасти фасод, эътимоди баланди иҷтимоӣ, рушди корҳои хайриявӣ ва озодиҳо мадди назар дошта мешаванд.

Тоҷикистон ба радабандии мазкур соли 2013 ворид шуд ва он замон зинаи 125-умро ишғол мекард.

Ҳамин тавр, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷои 44-ум ва Ӯзбекистон дар ҷои 54-ум қарор доранд.

Дар ин рӯйхат, ду давлати дигари минтақа – Қирғизистон ва Туркманистон шомил нагардидаанд.

Дар садри радабандӣ бошад, инак 6 сол мешавад, ки пайи ҳам Финландия қарор мегирад. Дар зинаҳои баъдӣ Дания, Исландия, Исроил ва Ҳолланд ҷойгир шудаанд.

Дар ин раддабандӣ ИМА дар мақоми 15, Чин дар мақоми 64 ва Русия дар мақоми 70-ум қарор доранд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳангоми таҳияи радабандии “Ҳисоботи хушбахтии дунё” натиҷаи тадқиқоти аз ҷониби Gallup World Poll гузаронидашуда чун замина ба инобат гирифта мешавад. Тадқиқоти Gallup World Poll миёни сокинони давлатҳо гузаронида мешавад ва дар он, аҳолӣ зиндагии худро тибқи ҷадвали аз 0 то 10 баҳо медиҳанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.