“Қасос барои аз кор рондан”. Милитсияи Суғд сабаби сӯхтор дар Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ошкор кардааст

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд пас аз боздошти муттаҳам ба сӯхтор дар бинои факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, гуфтааст, ки сабаби оташ задани муассисаи таълимӣ "қасосгирӣ барои аз кор рондан" буд. Дар гузориши барномаи “Пайки Суғд” зикр мешавад, ки ба гумони оташ задан ва даст доштан дар сар задани […]

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд пас аз боздошти муттаҳам ба сӯхтор дар бинои факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, гуфтааст, ки сабаби оташ задани муассисаи таълимӣ "қасосгирӣ барои аз кор рондан" буд.

Дар гузориши барномаи “Пайки Суғд” зикр мешавад, ки ба гумони оташ задан ва даст доштан дар сар задани сӯхтор сокини 56-солаи шаҳри Хуҷанд Абдусаттор Ҳайдаров боздошт шудааст.

“Аз соли 2021 то 10 сентябри соли ҷорӣ ӯ ба ҳайси посбон дар ин муассисаи таълимӣ кор мекард. Барои дар ҳолати мастӣ дар ҷойи корӣ қарор доштан аз кор озод шуда буд”, – баён мешавад дар баронмаи ВКД.

Дар гузориш гумонбаршуда тасдиқ мекунад, ки ҷиҳати қасос гирифтан барои аз кор озод шуданаш биноро оташ задааст.

Дар ҳамин ҳол, худи гумонбар дар ҳолати мастӣ қарор доштанашро рад карда, аз кор озод карданашро беадолатӣ медонад.

Айни замон алайҳи Абдусаттор Ҳайдаров мутобиқи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии ҶТ (барқасдона нобуд кардан ё зарар расонидан ба амвол) парванда боз шудааст. Ин модда ҷарима ба маблағи 365 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 68 сомонӣ) ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳрумият аз озодӣ ба ҳамин муҳлатро пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, зиёни умумии расида аз сӯхтор тақрибан 2 млн сомониро ташкил медиҳад.

Бом ва китобхонаи ин муассиса пурра ба коми оташ рафтаанд. Қаблан зикр гардида буд, ки оташ майдони умумии 400 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Сӯхтор шаби 19 ба 20-уми сентябр ба амал омад. Барои хомӯш кардани сӯхтор 11 дастаи оташнишонӣ сафарбар шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.