Даъвати тирамоҳӣ ба сафи Артиш: Иҷрои 66 дарсади нақша дар 20 рӯзи аввал маъракаи даваът

Дар 20 рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба навиштаи ин ниҳод, то кунун, дар вилояти Хатлон беш аз 71 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст. Вилояти Суғд бошад, давоми 20 рӯзи аввали маъракаи даъват ба […]

Дар 20 рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.

Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин ниҳод, то кунун, дар вилояти Хатлон беш аз 71 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.

Вилояти Суғд бошад, давоми 20 рӯзи аввали маъракаи даъват ба сафи артиш 54 дарсади нақшаро иҷро кардааст.

Дар шаҳри Душанбе давоми 10 рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш 65 дарсади нақша иҷро шудааст.

Шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бошанд, давоми даҳ рӯзи аввал 73.3 дарсади нақшаро иҷро кардаанд.

Бояд гуфт, ки нақшаи даъват ба артишро дар рӯзҳои аввал якҷо бо ВМКБ чандин шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор низ пурра иҷро карданд.

Хотиррасон мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми октябр шуруъ шуда, то 30 ноябр идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.