Теъдоди кӯдакони кушташуда дар Ғазза ба 3200 нафар наздик шуд

Теъдоди кӯдаконе, ки дар Навори Ғаззаи Фаластин кушта шудаанд, аз теъдоди кӯдаконе, ки соли 2019 дар тамоми манотиқи даргир дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд, бештар аст. Дар ин бора созмони ҷаҳонии Save the Children хабар медиҳад. Ба иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, аз 7-уми октябр то кунун беш аз 3257 кӯдак, аз ҷумла дастикам 3195 нафар […]

Теъдоди кӯдаконе, ки дар Навори Ғаззаи Фаластин кушта шудаанд, аз теъдоди кӯдаконе, ки соли 2019 дар тамоми манотиқи даргир дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд, бештар аст. Дар ин бора созмони ҷаҳонии Save the Children хабар медиҳад.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, аз 7-уми октябр то кунун беш аз 3257 кӯдак, аз ҷумла дастикам 3195 нафар дар Ғазза, 33 нафар дар Соҳили ғарбӣ ва 29 нафар дар Исроил кушта шудаанд.

“Теъдоди кӯдаконе, ки дар тӯли ҳамагӣ се ҳафта дар навори Ғазза кушта шудаанд, аз теъдоди кӯдаконе, ки дар даргириҳои мусаллаҳона дар саросари ҷаҳон (беш аз 20 кишвари ҷаҳон) дар як сол кушта шудаанд, бештар аст”, — омадааст дар гузориш.

Беш аз 40 дарсади 7703 нафари кушташуда дар навори Ғазза кӯдакон мебошанд. Ҳамчунин, беш аз 1000 кӯдаки дигар дар Ғазза нопадид шудаанд. Бовар меравад, ки онҳо зери харобазорҳо мондаанд.

Бино ба гузоришҳо, дастикам 6360 кӯдак дар Ғазза, 180 кӯдак дар Соҳили ғарбӣ ва 74 кӯдак дар Исроил захмӣ шудаанд. Ин созмон мегӯяд, дар миёни беш аз 200 нафаре, ки дар навори Ғазза гаравгон мондаанд, кӯдакон низ ҳастанд.

Бар асоси се гузориши ахири солонаи дабири кулли СММ дар бораи кӯдакон ва даргириҳои мусаллаҳона, дар соли 2022, дар маҷмӯъ 2985 кӯдак дар 24 кишвари ҷаҳон, 2515 нафар дар соли 2021 ва 2674 кӯдак дар соли 2020 дар 22 кишвар кушта шудаанд. Дар соли 2019 4019 кӯдак кушта шудаанд.

Рӯзи ҷумъа нирӯҳои исроилӣ “амалиёти густурдаи заминӣ” дар навори Ғаззаро эълон карданд ва созмони Save the Children ҳушдор дод, ки он боиси маргу мир ва захмӣ ва ранҷу азобҳои бештар хоҳад шуд. Ин созмон хостори оташбаси фаврӣ шуд.

“Се ҳафтаи хушунат кӯдаконро аз оилаҳояшон ҷудо кард ва ҳаёти онҳоро бо суръати тасаввурнашаванда пора кард. Рақамҳо даҳшатоваранд ва хушунат дар навори Ғазза на танҳо идома дорад, балки афзоиш меёбад ва кӯдакони зиёдеро дар хатари ҷиддӣ қарор медиҳанд. Марги кӯдакон даҳшат аст. Оташбас ягона роҳи таъмини амнияти онҳост. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд одамонро болотар аз сиёсат гузорад: ҳар рӯзи муноқиша кӯдакон кушта ва захмӣ мешаванд. Кӯдакон бояд ҳамеша муҳофизат карда шаванд, бахусус вақте ки онҳо дар мактабҳо ва беморхонаҳо макони амн меҷӯянд”, – гуфт Ҷейсон Ли, роҳбари ин созмон дар Фаластин.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.