Ҷавоне, ки ноболиғро латукӯб ва бо электрошокер мезад, дастгир шуд

Ҷавоне, ки навори латукӯби ноболиғ аз ҷониби ӯ дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба миён овард, аз ҷониби мақомоти милитсияи кишвар дастгир шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як вокуниш аз ин ҷавон Фирдавс Қудратуллозодаи 18-сола, зода ва истиқоматкунандаи кӯчаи Буниҳисорак-75/2-и ноҳияи Сино ном бурдааст, ки баъди дашноми ҷавони дигари 3 сол аз худ […]

Ҷавоне, ки навори латукӯби ноболиғ аз ҷониби ӯ дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба миён овард, аз ҷониби мақомоти милитсияи кишвар дастгир шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як вокуниш аз ин ҷавон Фирдавс Қудратуллозодаи 18-сола, зода ва истиқоматкунандаи кӯчаи Буниҳисорак-75/2-и ноҳияи Сино ном бурдааст, ки баъди дашноми ҷавони дигари 3 сол аз худ хурд ӯро латукӯб кардааст.

Ин ниҳод гуфт, ин ҷавони 18-сола зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид ва зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки ӯ  ноболиғ Ҷ.А (номи ноболиғ бо далоили ахлоқи оварда намешавад)-ро баъди дар назди дӯстонаш дашноми қабеҳ додан  латукӯб намуда, чанд маротиба бо таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) ба баданаш задааст.

“Номбурда (Фирдавс Қудратуллозода) ӯро (ноболиғ Ҷ.А. дар назар аст) дар назди мактаби миёнаи умумии № 70 интизор мешавад. Сипас, ӯро барои суҳбат ба болои боми биноҳои “Қайроққум”-и пойтахт даъват намудааст, ки дар онҷо байни онҳо муноқишаи лафзӣ ба амал омада, дар натиҷа шаҳрванд Қудратуллозода Фирдавс ноболиғ Ҷалолов Асрорро латукӯб намуда, чанд маротиба бо таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) ба баданаш задааст”, – навиштааст ВКД.

Ин ниҳоди қудратӣ гуфт, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-юми декабри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе пайдо гардид, ки шахси ношиносе писарбачаи ноболиғро тариқи таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) шиканҷа ва латукӯб менамояд. Ин навор хашми корбарони шабкаҳои иҷтимоиро барангехт ва онҳо аз мақомот талаб карданд, ки латкӯбкунанда ҷазо дода шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.