Боздошти мошини ҳомили беш аз 70 кг “ҳероин” дар дидбонгоҳи “Фотеҳобод”

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар дидбонгоҳи гумрукии “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон як мошини ҳомили беш аз 71 кг маводи нашъадори навъи «ҳероин»-ро дастгир кардаанд, хабар медиҳад Хадамоти гумрук. Ин ниҳод менависад, ки амалиёт рӯзи 21-уми ноябри соли равон  тахминан соати 09:30 ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ ва корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар дидбонгоҳи гумрукии “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон як мошини ҳомили беш аз 71 кг маводи нашъадори навъи «ҳероин»-ро дастгир кардаанд, хабар медиҳад Хадамоти гумрук.

Ин ниҳод менависад, ки амалиёт рӯзи 21-уми ноябри соли равон  тахминан соати 09:30 ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ ва корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳ ва кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, ки воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес Бенс Актрос-184», ки рақами қайди давлатиаш У180 ЕН 797 бо ядаки тамғаи «Шмитс SKO 24», рақами қайди давлатиаш ТА 3610/77 ба Русия тааллуқ дошта таҳти идораи Меҳровар Бӯриеви 31-сола, шаҳрванди Тоҷикистон, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан қарор дошт.

Ӯ дар ҷои ҳодиса бо гумони интиқоли ғайриконунии воситаҳои нашъадор боздошт гардидаст.

“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз пинҳонгоҳи махсуси дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур, 65 бастаи полиэтилении рангаш сиёҳ, ки дар дохили он маводҳои хокамонанди рангашон сафед бо бӯи махсусдошта ҷойгир буд, ёфта гирифта шуд. …маводи нашъадор навъи «героин» буда, вазни умумии он 71 кг 110 граммро ташкил медиҳад”, – гуфта мешавда дар хабарномаи ин ниҳод.

Хадамоти гумрук гуфтааст, ки аз рӯи ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд нисбати Бӯриев ва дигарон (аз онҳо ном бурда намешавад-ред.) барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва қочоқ (моддаҳои 200 қисми 4 банди "д" ва 289 қисми 3) парвандаи ҷинояти оғоз шуда, ба дидоситонии вилояти Суғд ирсол шудааст.

Моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ аз 12 то 20 сол ва моддаи 289 қисми 3 аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.