Ҳушдори қатъии КҲФ: Ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз якбора сард шудани ҳаво ва боридани борону барф дар аввали ҳафтаи оянда ҳушдор додааст. Ин ниҳод бо нашри як ҳушдор гуфтааст, ки рӯзҳои 12-13-уми декабри соли 2023 дар Тоҷикистон ҳавои сард дар назар дошта шуда, борон ва дар водиҳо барф меборад. КҲФ афзудааст, ки дар […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз якбора сард шудани ҳаво ва боридани борону барф дар аввали ҳафтаи оянда ҳушдор додааст. Ин ниҳод бо нашри як ҳушдор гуфтааст, ки рӯзҳои 12-13-уми декабри соли 2023 дар Тоҷикистон ҳавои сард дар назар дошта шуда, борон ва дар водиҳо барф меборад.

КҲФ афзудааст, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ барфи зиёд меборад ва дар водиҳо ва доманакӯҳҳо рӯзона ҳарорати ҳаво 8-13 дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман низ дар назар аст.

Ин ниҳод гуфтааст, дар ин рӯзҳо шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хатари резиши тарма бештар мешавад.

“Илова бар ин, барфи тар ба сим ва дарахтон часпида, дар ҷоддаҳои кӯҳӣ резиши барф ва яхбандӣ дар назар аст”, – гуфтааст КҲФ.

Ин ниҳод ба аҳолӣ ҳушдор додааст, ки дар ин рузҳо резиши барфи зиёд, осеб дидани хатҳои барқ, эҳтимоли қисман афтидани дарахтон, инчунин осеб дидани иншоотҳои таблиғотии калон ва суст мустаҳкамшуда имконпазир аст.

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи гармкунакҳо ва печҳои алобӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд.

Ин ниҳод дар ин рузҳои сармо ба аҳолӣ чанд тавсия ҳам додааст.

Ин пеш аз ҳама таъмини захираи сӯзишворӣ дар хонаҳое, ки печҳои алобӣ ва ё системаи гармидиҳии мустақил доранд, хомӯш кардани системаи обтаъминкунӣ ва гармидиҳӣ ҳангоми сардии шадид аст.

– барои пешгирӣ кардани сӯхтор аз асбобҳои электрикӣ ва обгармкунии худсохт истифода набаред;

– ҳангоми шамолҳои сахт зери дарахтони калон, лавҳаҳои таблиғотӣ, биноҳои фарсуда ва хатҳои барқ ​​наистед;

– боварӣ ҳосил кунед, ки чорво дар ҷои бехатар ва захираи кофии ғизо ва об дошта бошанд;

КҲФ ҳамчунин, ба соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсӣ тавсия додаанд, ки мошини худро бо ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз кунанд, агар дар роҳҳои кӯҳӣ истифода баранд – бел, табар, ҳезум, занҷирҳои барфӣ, чароғак, “мешокҳо”-и хоб, маводи ғизоӣ, қувватдиҳандаи мошин барои телефонҳои мобилӣ ва ғайра бо худ гиранд. Чархҳои мошинро тафтиш кунанд ва онҳоро бо чархҳои зимистона иваз намоянд.

Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва ё ҳар гуна садама шаҳрвандон метавонанд ба навбатдорони фаврии КҲФ муроҷиат намоянд:

– навбатдори масъули Кумита: 112, 221-91-19, 223-13-11

– навбатдори масъули шаҳри Душанбе: 225-44-62, 225-44-76

– навбатдори масъули ВМКБ: (3522) 24057, 22744

– навбатдори масъули вилояти Суғд: (3422) 51555, 57995

– навбатдори масъули вилояти Хатлон: (3222) 23505, 27827

– навбатдори масъул оид ба минтақаи Кӯлоб – тел: (3322) 21656, 21657

– навбатдори минтақаи Рашти – тел:  (3131) 22374

– навбатдори масъули минтақаи Ҳисор –  тел: (3139) 26074

Кумита бо мақсади саривақт вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ, аз қабили Майхура, ноҳияи Варзоб ва километри 72-юми шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ, инчунин шоҳроҳи Душанбе-Ванҷ посгоҳҳои сайёри шабонарӯзӣ таъсис медиҳад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.