Аз соли 2024 нархи истифодаи барқ 16% боло меравад

Таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он шуруъ аз 1-уми январи соли 2024 ба андозаи 16 дарсад – аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам боло мераванд. Дар ин бора Ҷомӣ Умаров, мушовири директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ гуфт, дар ин […]

Asia-Plus

Таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он шуруъ аз 1-уми январи соли 2024 ба андозаи 16 дарсад – аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам боло мераванд. Дар ин бора Ҷомӣ Умаров, мушовири директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, дар ин бора қарори ҳукумати Тоҷикистон №546 аз 29-уми ноябри соли 2023 қабул шудааст ва дар асоси он таърифаҳои истифодаи нерӯи барқ барои тамоми истифодабарандагон, аз ҷумла сокинон 16 дарсад зиёд мешавад.

Қарори мазкур ҳоло дастрас нест ва пойгоҳи иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон низ онро расман нашр накардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар маҷлиси ҳукумати кишвар, ки бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва аъзои ҳукумат рӯзи 29-уми ноябри соли равон баргузор шуд, дар баробари дигар масъалаҳо мавзӯи таърифаҳои нерӯи барқ ва гармӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Ҳамчунин, аз дирӯз, 11-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Фейсбук” эълоне мечархад, ки дар он шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Истаравшан аҳолиро огоҳ мекунанд, ки дар асоси қарори ҳукумат №546 аз 29-уми ноябри соли 2023 таърифаҳои истифодаи барқ то 30,75 дирам боло меравад.

Ҷомӣ Умаров гуфт, ки таърифаҳои истифодаи барқ барои дигар категорияи истифодабарандагони барқ низ 16 дарсад боло меравад.

Қобили зикр аст, ки таърифаҳои нерӯи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъдан ҳамасола боло бурда шуданд.

Солҳои 2020-2021 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз боло бурдани нархҳо худдорӣ варзад.

Ахиран таърифаҳо барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон ба ҷуз ТАЛКО (Ширкати алюминии тоҷик), 1-уми октябри соли 2022 боло бурда шуданд. Аз он дам аҳолӣ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 26,51 дирам пардохт мекунад.

Аз 1-уми январи соли 2023 таърифа барои ТАЛКО низ то 15,57 дирам (давоми тамоми сол) боло бурда шуд.

То ин дам ширкат барои ҳар як киловатт-соат ба ҳисоби миёна 9,5 дирам (дар давраи тобистон аз 1-уми май то 30-юми сентябр – 7,20 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел – 11,80 дирам) пардохт мекард.

Истеъмолгарони неруи барқ дар Тоҷикистон ба категория бо таърифаҳои гуногун тақсим шудаанд, ки онҳо барои истифодаи барқ айни замон бо тариқи зайл маблағ пардохт мекунанд:

– барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 26,51 дирам;

– барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр – 9,2 дирам ва аз 1-уми октябр то 31-уми март – 26,51 дирам;

– барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 9,2 дирам;

– барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – 12,6 дирам;

– барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1-уми май то 30-юми сентябр – 10,64 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел – 60,65 дирам;

– барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф – 45,51 дирам.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.