Аз муҳоҷири фаромӯшшудаву хатари муҳоҷират то афзоиши нарх ва аҳамияти деколонизатсия

Дар ҳафтаномаҳои кишвар ин ҳафта оид ба муҳоҷирати “ихтиёрӣ”-ву “маҷбурӣ”, саҳми муҳоҷирон дар буҷаи кишвар, болоравии нархҳо дар арафаи соли нав ва партовҳои шаҳри Бохтар мақолаву гузоришҳо нашр гардидаанд. Кӣ ва чаро саҳми муҳоҷиронро “фаромӯш” мекунад? “Как мигранты кормят Таджикистан а их при этом не «замечают»“ – номи матлаби асосии ҳафтаномаи “Asia-Plus” аст, ки дар […]

Исматуллоҳи Абдуллоҳ, махсус барои Asia-Plus

Дар ҳафтаномаҳои кишвар ин ҳафта оид ба муҳоҷирати “ихтиёрӣ”-ву “маҷбурӣ”, саҳми муҳоҷирон дар буҷаи кишвар, болоравии нархҳо дар арафаи соли нав ва партовҳои шаҳри Бохтар мақолаву гузоришҳо нашр гардидаанд.

Кӣ ва чаро саҳми муҳоҷиронро “фаромӯш” мекунад?

“Как мигранты кормят Таджикистан а их при этом не «замечают»“ – номи матлаби асосии ҳафтаномаи “Asia-Plus” аст, ки дар он муаллиф аз фаромӯш шудани номи муҳоҷирон дар сатҳи ҳукумат, махсусан аз ҷониби мансабдорони кишвар нигаронӣ карда, зикр намудааст, ки вақте беш аз миллион нафар шаҳрванди кишвар ба муҳоҷират мераванд ва миллиардҳо доллар ба ватан ирсол мекунанд, вақте ин маблағҳо дар таъмини суботи иқтисодии кишвар саҳми муҳим мебозад, мансабдорони кишвар сол аз сол бештар кӯшиш мекунанд, ки ин саҳмро ночиз нишон диҳанд ва заҳмати муҳоҷиронро ёдовар нашаванд.

Ҳамчунин, дар ин мақода оид ба таъсири муҳоҷират ба зиндагии аҳолии кишвар низ андешаронӣ гардидааст. Пули интиқолдодаи муҳоҷирон чӣ таъсире ба буҷаи кишвар дорад? Ба ин савол баъди мутолиаи матлаб посух метавонед пайдо кунед.

Инчунин, дар ин шумораи ҳафтаномаи “Asia-Plus” матолиби “Сначала образование и работа, потом деколонизация”, “Скорость интернета увеличится. Но не у всех”, “О чем говорит таджикская тюбетейка?” ва дигарро метавонед мутолиа кунед.

Шикоят аз партову туризм

Бохтар кай аз партов тоза мешавад?” – бо ин ном матлаби асосии ҳафтаномаи “Фараж” нашр шудааст. Дар ин матлаб муаллиф аз техникаҳои вайронаи Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии комуналии шаҳри Бохтар ёдовар шуда, зикр кардааст, ки мушкили сари вақт кашондани партов дар шаҳр ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст.

“Аз вазъи баамаломада хулоса кардан мумким аст, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” – и ҷумҳурӣ аз уҳдаи назорат ва корбарӣ аз болои зерсохторҳои худ дар минтақаҳо, хусусан шаҳри Бохтар набаромада истодааст”, – мегӯяд муаллиф.

Ҳамчунин, ин ҳафтанома колонкаи муассисаш Хуршеди Атовуллоро бо номи “Туризм” нашр кардааст, ки ба мавзӯи гарон будани нархи чиптаҳои ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ бахшида шудааст. Дар давоми ин калонка шумо аз таъсири нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба рушди туризми дохили маълумот хоҳед ёфт.

Афзоиши нархи иҷораву хӯрока

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар матлаби “Зам мешаваду кам не” чанд мушкилоти иҷоранишин дар шаҳри Душанберо баррасӣ кардааст. Муаллиф аз қавли чанд ҳамсуҳбаташ дар бораи гароншавии нархи иҷораи хона дар фасли зимистон сухан ронда, мегӯяд, ки соҳибони хона бо ҳар баҳона нархи иҷораро боло мебардоранд.

“Дар Тоҷикистон, ки маоши бештари кормандон аз 800 то 1200 сомонист, чунин нархҳо миёншикан маҳсуб меёбанд, зеро болоравии нархи хӯрокворӣ ва маводи сӯхту барқ болои сӯхта намакоб аст” – менависад муаллиф, Мирсаид Сатториён.

“Ҷаҳиши нарх дар Хуҷанд” матлаби дигари ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аст, ки ба гароншавии маҳсулоти хӯрокворӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида шудааст. Дар шимоли Тоҷикистон чӣ ва чанд пул арзиш дорад, метавонед баъди хондани матлаб, маълумот пайдо кунед.

Муҳоҷират ва хатари он

Муҳоҷират: аз маҷбурӣ то ихтиёрӣ” яке аз матлабҳои асосии ҳафтаномаи “СССР” аст, ки ба қалами сардабири он Сайёфи Мизроб тааллуқ дорад. Дар ин матлаб муаллиф дар бораи муҳоҷират гуфта, аз муҳоҷирати маҷбуриву ихтиёрӣ менависад. Дар давоми матлаб аз хатарзо будани лоиҳаҳое ба монанди “Green Card Lottery”  ёдовар шудааст.

“Чаро ин лоиҳаҳо хатарзоянд? Зеро зиёиён, донишмандон, мутахассисин, ки рафтанд, дигар мемонад кишвареву толпаи фанатҳо”, – менависад муаллиф.

Ногуфта намонад, дар ҳафтаномаи “СССР” силсиламатлаби “Наҳанги ҷумҳурӣ” ҳоло ҳам идома дорад. Дар баробари “Наҳанги ҷумҳурӣ”, ҳамчунин матолиби “Редаксия супориш дод: Чарогоҳ рав!”, “Конибодом – шаҳри қаҳрамон” ва ғайрро метавонед дар ин нашри “СССР” мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.