Имзои созишнома ба маблағи 18 млн доллар байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК

Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди байнулмилалии рушди ОПЕК рӯзи 20 декабр ба маблағи умумии 18 млн доллар созишномаҳои қарзӣ ба имзо расид. Маблағҳо ба амалисозии ду лоиҳа дар Тоҷикистон равона мегарданд. Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, санадҳо аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Хазинаи ОПЕК оид […]

Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди байнулмилалии рушди ОПЕК рӯзи 20 декабр ба маблағи умумии 18 млн доллар созишномаҳои қарзӣ ба имзо расид. Маблағҳо ба амалисозии ду лоиҳа дар Тоҷикистон равона мегарданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, санадҳо аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа имзо шуданд.

Созишномаи аввал ба маблағи 10 млн доллар ба амалисозии марҳилаи якуми лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ” дахл дорад.

“Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати шабакаи роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иқтидори транзити байналмилалии кишвар мебошад, – гуфта мешавад дар хабар. –  Ин созишнома пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди ОПЕК маблағгузорӣ мегардад”.

Созишномаи дуюм ба маблағи 8 млн доллар ба татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” равона мегардад.

Ин лоиҳа бо мақсади мусоидат ба беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва таҳкими низоми маориф дар Тоҷикистон тариқи навсозӣ ва васеъ гардонидани дастрасӣ ба инфрасохтори мактабӣ, ташкил ва тавсеаи низоми омӯзиши пайвастаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани арзёбии миллии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълим амалӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, маблағгузории ин лоиҳа низ пурра аз ҳисоби қарзи имтиёзноки Фонди мазкур сурат мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.