Мардеро барои латукӯби 4 фарзандаш беш аз 11 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд

Додгоҳи ноҳияи Рашт як сокини ин ноҳияро барои латукӯби 4 фарзанди ноболиғаш 11 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима кардааст. Дар ин бора сомонаи Додгоҳи ноҳияи Рашт хабар медиҳад. Абдуҳаким Холиқзода, додраси ин додгоҳ гуфтааст, сабаби латукӯби фарзандон гум шудани маблағ дар манзили истиқоматии Д. Х. аст, ки дар ин кирдор фарзандонашро гунаҳкор дониста, “суханони қабеҳ гуфта, […]

Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Рашт як сокини ин ноҳияро барои латукӯби 4 фарзанди ноболиғаш 11 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима кардааст. Дар ин бора сомонаи Додгоҳи ноҳияи Рашт хабар медиҳад.

Абдуҳаким Холиқзода, додраси ин додгоҳ гуфтааст, сабаби латукӯби фарзандон гум шудани маблағ дар манзили истиқоматии Д. Х. аст, ки дар ин кирдор фарзандонашро гунаҳкор дониста, “суханони қабеҳ гуфта, мавриди латукӯб қарор додааст”.

“Фарзандони ноболиғ бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз муносибати бераҳмонаи падар аз хонаи истиқоматиашон гурехта, ба хонаи хешовандонашон ба дигар деҳа рафтанд”, – зикр мекунад манбаъ.

Сомонаи додгоҳ бо такя ба санадҳои ташхиси судии тиббӣ навиштааст, ки кӯдакон дар натиҷаи латукӯби падарашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд, ки муҳлати табобати он 21 рӯзро дар бар мегирад.

Додгоҳ, ки аз ин мард ном набурда, танҳо Д. Х. муаррифӣ кардааст, ӯро барои ин рафтораш 7 рӯз дар ҳабс нигаҳ дошта, барои иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ ё моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2023 68 сомонӣ ва дар соли 2024 72 сомонӣ мешавад) ё 13 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима кардааст. Баъди ба гуноҳаш иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ кардан додгоҳ аз маблағи умумии ҷаримаи таъиншуда 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 2 ҳазору 40 сомониашро кам кардааст. Ҳамин тариқ ин мард муваззаф шудааст, ки ба андозаи 170 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 11 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима пардохт кунад. Баъдан ӯ аз толори додгоҳ раҳо шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин мард соҳиби 14 фарзанд буда, бекор аст.

Масъалаи латукӯб ё хушанат нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамеша доғ аст. Гоҳе наворҳои латукӯбу азияти ноболиғон ба шабакаҳи иҷтимоӣ роҳ меёбад ва сарусадои зиёде барпо мекунад. Баъди нашри чунин наворҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот сахттар кардани ҷазо нисбати озордиҳандагонро талаб мекунанд.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, дар Тоҷикистон аз соли 2018 то 2022 ба зидди 63 нафар ба гумони ҷабру шиканҷаи кӯдакон парванда боз кардаанд. Аз ҷумла, 22 падару модар бар асоси ҳамин модда, яъне “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон” ҷазо гирифтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.