Боздошт ва ҳабси рӯзноманигорону фаъолони ҷомеа дар Қирғизистон

Ҳамаи 11 рӯзноманигор ва фаъоли мадание, ки 16 январ ба Хадамоти тафтишотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон интиқол ёфта буданд, 48 соат ҳабс шуданд. Рӯзноманигор Айка Бейшекеева, хабаринигори пешини тарҳи "Temirov LIVE" Жоодар Бузумов, мудири тарҳои "Айт, Айт Десе" ва "Temirov LIVE", ҳамсари рӯзноманигори таҳқиқотгар Болот Темиров, Муҳаббат Тоҷибек қизӣ ва як корманди дигари тарҳ Мақсад […]

centralasian.org

Ҳамаи 11 рӯзноманигор ва фаъоли мадание, ки 16 январ ба Хадамоти тафтишотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон интиқол ёфта буданд, 48 соат ҳабс шуданд.

Рӯзноманигор Айка Бейшекеева, хабаринигори пешини тарҳи "Temirov LIVE" Жоодар Бузумов, мудири тарҳои "Айт, Айт Десе" ва "Temirov LIVE", ҳамсари рӯзноманигори таҳқиқотгар Болот Темиров, Муҳаббат Тоҷибек қизӣ ва як корманди дигари тарҳ Мақсад Тоҷибек уулу дастгир шудаанд.

Вакили дифоъ Замир Жоошев дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки Сафар Акунбеков, Азамат Ишенбеков, Сайфидин Султоналиев, Актилек Капаров, Жумабек Турдалиев ва Оқил Орозбеков низ ҳабс гаштанд.

Тинистан Асипбек, корманди расонаи мустақили "ПолитКлиника"-ро ҳам ба муҳлати 48 соат ҳабс кардаанд.

Ҳамаи боздоштшудаҳо бо иттиҳоме, ки алайҳашон эълом шудааст, розӣ нестанд.

Қаблан расонаҳои қирғизистонӣ навиштанд, ки субҳи 16 январ мақомоти қудратии Қирғизистон дар манзили чанд рӯзноманигор кофтукоб анҷом дода, бархе аз рӯзноманигоронро бо худ ба бозпурсӣ бурдаанд.

Болот Темиров, рӯзноманигори қирғизистоние, ки аз он кишвар ихроҷ шудааст ва дар хориҷ қарор дорад, хабар дод, манзили мудири тарҳҳои рӯзноманигории "Айт, айт десе" ва "Темиров LIVE" – Муҳаббат Тоҷибек қизӣ ва рӯзноманигор Сафар Охунбеков дар шаҳри Бишкек бозҷӯӣ шудааст.

Мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон дар матлабҳои тарҳҳои "Temirov LIVE" ва "Айт Айт Десе" даъват ба бетартибиҳои оммавиро ошкор кардаанд. Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии он кишвар субҳи 16 январ хабар доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.