Тоҷикистон шарики калидии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ номида шуд

Ноиби президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас дар доираи баромаи бештар васеъ дар Осиёи Марказӣ бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид кард. Дар иттилоияи нашршудаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Душанбе зикр мешавад, ки сафар ба баррасии самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва иттиҳод имкон дод. Маргаритис Схинас бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷии […]

Ноиби президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас дар доираи баромаи бештар васеъ дар Осиёи Марказӣ бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид кард.

Дар иттилоияи нашршудаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Душанбе зикр мешавад, ки сафар ба баррасии самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва иттиҳод имкон дод.

Маргаритис Схинас бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир дидору гуфтушунид кард.

Масоили робитаи мутақобила дар заминаи стратегияи Иттиҳоди Аврупо «Global Gateway» дар меҳвари баррасиҳо қарор доштанд.

Аз ҷумла ҷонибҳо ба масъалаҳои бахшҳои нақлиёт, алоқаи рақамӣ ва робитаи мутақобилаи “об-энергия” таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Байни намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҳамчунин Форуми қарибулвуқӯъи сармоягузорон “Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ”, ки рӯзҳои 29-30 январ дар Брюссел доир мегардад, низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқоти намояндаи ИА бо роҳбари ин ниҳод Сироҷиддин Муҳриддин ҷонибҳо рӯзномаи феълии равобити дуҷонибаро матраҳ карда, вобаста ба роҳҳои рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ табодули афкор намуданд.

“Инчунин, тарафҳо масоили амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистон, таҳдиди терроризму экстремизм ва дигар масоили мубрами мавриди эҳтимоми тарафҳоро муҳокима карданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Дар иттилоияи намояндагии ИА дар Душанбе гуфта мешавад, ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки «муносибатҳо байни ИА ва Тоҷикистон дар самти мусбат қарор дошта,  гуфтушунидҳои давомдор оид ба Созишномаи густариши шарикӣ ва ҳамкорӣ, ки муносибатҳоро ба сатҳи нав мебарорад, аз ин гувоҳӣ медиҳад».

“Тоҷикистон шарики калидии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ аст ва ИА ҷонибдори идомаи ҳамкориҳои густарда дар соҳаҳои афзалиятнок, аз қабили иқтисоди сабз ва рақамӣ, рушди имконоти инсон ва идоракунии захираҳои табиӣ мебошад”, – зикр мешавад дар иттилоия.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.