Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия чӣ қадар аст?

Дар кишварҳои минтақа нишондиҳандаи пасттарин барои ҳисобҳо дар Қирғизистон ба қайд гирифта шуда, дар Русия ин чиз умуман нест. Дар аксари кишварҳо он барои муайян кардани маблағи пардохтҳои гуногун истифода мешавад. Нишондиҳанда барои ҳисоб кардани боҷу андоз, ҷаримаҳо, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳо Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия барои чӣ истифода […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар кишварҳои минтақа нишондиҳандаи пасттарин барои ҳисобҳо дар Қирғизистон ба қайд гирифта шуда, дар Русия ин чиз умуман нест. Дар аксари кишварҳо он барои муайян кардани маблағи пардохтҳои гуногун истифода мешавад.

Нишондиҳанда барои ҳисоб кардани боҷу андоз, ҷаримаҳо, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳо

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия барои чӣ истифода мешавад?

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон барои пардохти андозу боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳо, кумакпулиҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии арзишҳои дигар истифода мешавад.

Нишондиҳандаи заминавӣ барои ҳисобҳо дар Ӯзбекистон – нишондиҳандае мебошад, ки барои муайян кардани ҳаҷми андозу боҷ, ҷарима, иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти муайян ва дигар пардохтҳо барои хидматрасонии давлатӣ истифода мешавад.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Қирғизистон – нишондиҳанда барои муайян кардани ҳаҷми пардохтҳои иҷтимоӣ, ҷубронпулиҳо, таҳримҳои иқтисодӣ, ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷаримаҳо истифода мешавад.

Нишондиҳандаи моҳона барои ҳисобҳо дар Қазоқистон барои пардохти кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин пардохти ҷаримаҳо, андоз ва дигар пардохтҳо истифода мешавад.

Нишондиҳандаи заминавӣ дар Туркманистон барои ҳисоббаробарии пардохтҳои иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳо, андозу боҷ ва ҷаримаҳо истифода мешавад.

Дар Русия низоми тамоман дигар амал мекунад. Масалан, ҷаримаи маъмурӣ дар он ҷо бо пул – рубл ифода ёфта, ҳаҷми он дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо рубл муқаррар карда шудааст.

Маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ

Қобили зикр аст, ки маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ доимо тағйир меёбад (музди меҳнати воқеӣ бо назардошти сатҳи таваррум муайян карда мешавад).

Маълумоти омории дастрас оид ба Ӯзбекистон – то охири нимсолаи дуюм, оид ба Русия – то охири моҳи сентябр ва оид ба кишварҳои боқимонда – то охири моҳи ноябри соли 2023.

Маълумоти расмӣ оид ба Туркманистон дастрас нест, лекин баъзе такшилотҳо, масалан BDEX хабар медиҳад, ки маоши миёна дар Туркманистон дар соли 2024 (аллакай) 29 000 рубл (1 146 манат ё 327 доллар)-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.