Имзои 3 созишнома, 1 барномаву 1 ёддошт миёни Тоҷикистон ва Туркманистон

Баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Дар умум, миёни ду кишвар 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд: Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон […]

Asia-Plus

Баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар умум, миёни ду кишвар 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд:

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2024-2025,

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон,

Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимлики шаҳри Аркадаги Туркманистон дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ,

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон,

Ёддошти тафоҳум байни Институти геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти сейсмология ва физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Туркманистон.

Ёдовар мешавем, ки Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов субҳи имрӯз, 4-уми апрел, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад ва баъди гузоштани гулчанбар дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, бо Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ мулоқот намуд.

Дар назар аст, ки шоми имрӯз ӯ дар барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” иштирок менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.