Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мулоқот карда, масоили вобаста ба марзро баррасӣ кардаанд. АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 15-уми апрели соли равон дар шаҳри Гулистон ҷаласаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба татбиқи Протоколи №42 аз 25-уми сентябри […]

Asia-Plus

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мулоқот карда, масоили вобаста ба марзро баррасӣ кардаанд.

АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 15-уми апрели соли равон дар шаҳри Гулистон ҷаласаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба татбиқи Протоколи №42 аз 25-уми сентябри соли 2022 баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ки дар он Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон ва Уларбек Шаршеев, директори Хадамоти сарҳадии КДАМ-и Қирғизистон, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Абдикарим Алимбоев, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ иштирок доштанд, масъалаҳои иҷрои Протоколи №42 дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзии ду кишвар инчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак дар соҳаи ҳифзи сарҳади муштарак баррасӣ шудаанд.

Аммо муҳтавои Протоколи №42 зикр намешавад. Танҳо таъкид мегардад, ки мулоқот дар вазъияти ошкоро ва дӯстона баргузор шудааст.

Зикр мегардад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тамоюли фаъоли рушди ҳамкориҳо миёни ду кишварро дар таъмини амнияти сарҳадӣ ва муколамаи дуҷониб, қайд кардаанд.

Изҳори боварӣ карда шудааст, ки ҳамкориҳои созанда ва судманди Тоҷикистон ва Қирғизистон ба манфиатҳои дарозмуддати халқҳои ду давлат ҷавобгӯ буда, инчунин омили асосии таъмини сулҳу субот ва амнияти ду кишвар мебошад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба иҷрои протоколҳои мулоқотҳои кории раҳбарони ниҳодҳои марзбонӣ табодули афкор намуда, тааҳҳудоти худро ҷиҳати ноил шудан ба пешрафт дар татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда тасдиқ намуданд.

Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо Протоколи дахлдорро ба имзо расониданд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи муайяну аломатгузории хати сарҳад баҳс доранд ва ин дар марҳилаҳои гуногун  боиси даргириҳо ва талафот аз ҳарду ҷониб шудааст. Аммо вақтҳои ҳайатҳои кории ҳарду кишвар пайваста мулоқотҳо мекунанд ва дар мавриди ҳалли баҳс аз пешрафтҳо ҳарф мезананд, лекин созишномаи ниҳоӣ то ҳол имзо нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.