То охири сол дар Тоҷикистон пас аз таъмиру навсозӣ 5 роҳи мошингард ба истифода дода мешаванд

Тибқи нақшаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, то охири соли равон дар ҷумҳурӣ пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтани 5 қитъаи роҳи мошингард дар назар аст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорат, соли 2024 тибқи нақша бояд 5 лоиҳа ба маблағи 585 млн доллар ба истифода дода шаванд, ки аз ҷумла 65 пули масфоаашон 1,9 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тибқи нақшаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, то охири соли равон дар ҷумҳурӣ пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтани 5 қитъаи роҳи мошингард дар назар аст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорат, соли 2024 тибқи нақша бояд 5 лоиҳа ба маблағи 585 млн доллар ба истифода дода шаванд, ки аз ҷумла 65 пули масфоаашон 1,9 км, 5 нақб – 11,1 км, 5 долон (гузаргоҳ) бо дарозии 6 км ва 278 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро дарбар мегиранд.

Гуфта мешавад, инҳо лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои зерин мебошанд:

– «Роғун – Оби гарм – Нуробод», 76 км.

– «Бохтар – Леваканд – Лолазор – Данғара», 69 км.

– «Калъаихумб – Ванҷ –  сарҳади ноҳияи Рӯшон», 93 км.

 – Аз шоҳроҳ то маркази ноҳияи  Ванҷ, 18 км.

– Аз шоҳроҳ то маркази шаҳри Роғун, 11 км.

“Марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо вазифадор карда шуданд, ки иҷрои саривақтии корҳоро тибқи нақшаҳо ва бо сифати баланд таъмин намоянд”, – таъкид мешавад дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, айни замон тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд 51 млн доллар тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ ва  қрордодҳои  имзошуда амалӣ карда мешаванд.

Таъкид мешавад, ки нақлиёти автомобилӣ вобаста ба шароити мушаххаси иқлимӣ ва мавқеи ҷуғрофии кишвари мо дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ аҳамияти калон дорад: интиқоли беш аз 93,4% борҳо ва 99,8% мусофирон маҳз тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.