Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон натиҷаҳои пурсиши истифодаи буҷети вақт аз ҷониби аҳолиро нашр кард. Маълум шудааст, ки аҳолии синни 10-сола ва болотар аз они ҷумҳурӣ дар давоми як рӯз вақти бештари худро ба корҳои шахсӣ – хобу хӯрок ва гигиенаи шахсӣ сарф мекардааст. Ҳар як сокини Тоҷикистон барои корҳои шахсиаш ба ҳисоби миёна 12 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон натиҷаҳои пурсиши истифодаи буҷети вақт аз ҷониби аҳолиро нашр кард.

Маълум шудааст, ки аҳолии синни 10-сола ва болотар аз они ҷумҳурӣ дар давоми як рӯз вақти бештари худро ба корҳои шахсӣ – хобу хӯрок ва гигиенаи шахсӣ сарф мекардааст.

Ҳар як сокини Тоҷикистон барои корҳои шахсиаш ба ҳисоби миёна 12 соату 53 дақиқа ё худ 53,7%-и тамоми вақти шабонарӯзро истифода мебурдааст. Аз ин миқдор барои хоб 8 соату 26 дақиқа, тановули ғизо – 2 соату 43 дақиқа ва гигиенаи шахсӣ – 1 соату 43 дақиқа сарф мешудааст.

Дар ҷойи дуюм пешбурди корҳои рӯзгор қарор дорад. Барои он сокинони Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 4 соату 4 дақиқа ё худ 17%-и вақти шабонарӯзро истифода мебурдаанд. Дар ҳамин ҳол, занон 5 соату 16 дақиқа ва мардон – ҳамагӣ 2 соату 35 дақиқа ба корҳои рӯзгору оила машғул будаанд.

Ба васоити ахбори умум 1 соату 37 дақиқа (6,8%) ҷудо гардида, бештари вақт – 1 соату 22 дақиқа ба тамошои телевизор ва мутолиаи китоб – ҳамагӣ 8 дақиқаи вақти шабонарӯз истифода мешудааст.

Дар идома муошират ва фароғату истироҳат – 1 соату 20 дақиқа (5,6%) қарор доранд.

Кор дар ҷойи панҷум қарор дорад: дар давоми шабонарӯз ба ҳисоби миёна 1 соату 17 дақиқ (5,34%) ба кор машғул мешудаанд.

Ба корҳои ҷамъиятӣ тоҷикистониён 1 соату 1 дақиқа (4,3%) ва таҳсилу омӯзиш – 48 дақиқа (3,4%) вақт ҷудо мекардаанд.

Аз ҳама камтар – ҳамагӣ 12 дақиқа дар як шабонарӯз одамон ба варзиш ва навъҳои фаъооли кор машғул мешудаанд.

Таҳқиқот бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки пеш аз ин чунин таҳқиқот дар Тоҷикистон сурат нагирифтааст.

Дар ҷараёни таҳқиқот, ки аз 15 сентябр то 15 декабри соли 2023 гузаронида шудаст, 13 ҳазору 150 нафари синни аз 10-сола боло пурсида шудаанд. Аз онҳо 60%-ашро занон ва 40%-ашро мардон ташкил додаанд.

Натиҷаҳои таҳқиқот аз рӯи ҷинсу синнусол, маҳалли зист (шаҳр/деҳа), сатҳи маълумот ва мақоми шуғл пешниҳод шудааст. Ин таҳқиқот барои таҳлил дар соҳаҳое чун ҳосилнокии меҳнат (аз ҷумла меҳнати занон ва саҳми онҳо ба иқтисод), бунёди низомҳои миллии ҳисобу китоб, инчунин ташкил ва баргузории чорабиниҳои истироҳату фароғат ҳамчун яке аз нишондиҳандаи некӯаҳволӣ ва ғайра маълумоти васеъ пешниҳод намуда, манбаи хеле муфид аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.