Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”

Додгоҳи Басмании Маскав ҳукми Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин – чаҳор гумонбари аслии ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскавро се моҳ-то 22-юми августи соли равон тамдид кард. Қаблан, онҳо то 22-юми май ба ҳабс гирифта шуда буданд. Расонаҳои русӣ бо нашри навор аз лаҳзаи овардани онҳо ба толори додгоҳ ва […]

Додгоҳи Басмании Маскав ҳукми Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддинчаҳор гумонбари аслии ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскавро се моҳ-то 22-юми августи соли равон тамдид кард. Қаблан, онҳо то 22-юми май ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Расонаҳои русӣ бо нашри навор аз лаҳзаи овардани онҳо ба толори додгоҳ ва ироаи тамдиди ҳукм навиштанд, ки дар маҷмуъ, муҳлати ҳукми боздошти 8 гумонбари ин ҳодиса то 22-юми августи соли равон тамдид карда шуд.

Ба толор нахуст, Муҳаммадсобир Файзов, сокини ҷамоати Муҳаммадшои поёни ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо дастони баста оварда шуд. Бо қарори додгоҳ, ҳукми боздошти ӯ то 22-юми агуст тамдид карда шуд.

Дуввум, ба толори додгоҳ Далерҷон Мирзоев, сокини деҳаи Галахонаи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ оварда шуд. Додгоҳ муҳлати ҳабси ӯро низ то 22-уми август тамдид кард.

Севвум, Саидакрам Раҷабализода, муттаҳами сеюм дар парвандаи “Крокус” ва сокини деҳаи Чаманзор ё Гургхӯрдаи шаҳри Ваҳдат бо дастони баста оварда шуд ва бо қарори додгоҳ ҳукми боздошти ӯ низ то 22-юми август тамдид гардид.

Чаҳорум, ба додгоҳ Фариддуни Шамсиддин бо дастони баста оварда шуд ва ӯро ҳам додгоҳи Басмании Маскав то 22-юми август ба ҳабс гирифт.

Ҳамаи гумонбарони ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” як рӯз пас аз ҳодисаи 23-юми март боздошт ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав то 22-юми майи соли равон ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд. Аз ҷумла, Муҳаммадсобир Файзов ба толори Додгоҳи ноҳияи Басманний бо аробача ва либоси тиббӣ оварданд. Пеш аз он дар шуъбаи эҳё буд ва ба суоли аввали муфаттиш дар бозпурсӣ бо ёрии тарҷумон посух дод, ки "ман чӣ кор кардаам?"

Муҳаммадсобир  Файзов ҳангоми амалиёти боздошт гуё муқовимат карда, як чашмаш сахт осеб дидааст. Вақте дар додгоҳ пайдо шуд, дар сару рӯяш осори зарбу лат намудор буд.

Ҳамчунин, дар наворе, ки шабакаҳои наздик ба мақомоти қудратии Русия пахш карданд, дида мешавад, ки лаҳзаи боздошт гӯши Саидакрам Раҷабализода бурида, ба даҳонаш мегузоранд ва кӯшиш мекунанд, ки фурӯ барад.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав рӯзи 22 март тақрибан соати 20:00 рух дод. Ҳамлагарон ба сӯйи ғайринизомиён дар бино оташ кушода, толори мусиқиро оташ заданд ва фирор карданд. Бар асари ин ҳамла беш аз 140 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ин ҳамла яке аз бузургтарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи Русия аст, ки масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" – Вилояти Хуросон ба ӯҳда гирифт.

Чаҳор шаҳрванди Точикистон ҳамчун гумонбари бевоситаи ҳамла ва чанд нафари дигар ҳамчун шарик ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.