Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд

Cарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳи комиссияи ҳукумат ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувони вилояти Хатлон боздид кард. Зикр шуд, ки дар ноҳияи Темурмалик мавзеъҳои нисбатан хавфнок шаҳраки Баҳманрӯд, мавзеи Ҳамровиё, деҳоти Кангурт, деҳаҳои Танобчии поён ва боло ба ҳисоб рафта, дар ин ҷойҳо корҳои […]

Cарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳи комиссияи ҳукумат ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувони вилояти Хатлон боздид кард.

Зикр шуд, ки дар ноҳияи Темурмалик мавзеъҳои нисбатан хавфнок шаҳраки Баҳманрӯд, мавзеи Ҳамровиё, деҳоти Кангурт, деҳаҳои Танобчии поён ва боло ба ҳисоб рафта, дар ин ҷойҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди саддҳои муҳофизатӣ гузаронида шуда буд, лекин боришоти фасли баҳор ва сел чанде аз онҳоро вайрон кард. Бар асари болоравии сатҳи об дар дарёҳои Сурхоб ва Шӯраксой ба ноҳия зарар расонида шуда, айни замон дар он ҷо корҳои барқарорсозӣ ҷараён доранд.

Сарвазир ба мутахассисон дастур дод, ки оид ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мувофиқи талаботи муосир лоиҳаҳои нав таҳия намоянд.

Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ оид ба гузоштани  тахтасангҳои оҳану бетонӣ ҷиҳати минбаъд пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ корҳо ҷараён доранд.

Ғайр аз ин, комиссия аз қитъаҳои вайроншудаи соҳили дарёҳои Сурхоб ва Обимазор, инчунин мавзеи Гулдара ва ноҳияи Балҷувон боздид кард. Дар баъзе ҷойҳо об саддҳои муҳофизатиро вайрон кардааст.

Зикр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи ин оқибатҳо кумаки иловагӣ мефиристад. Ба мутахассисон супориш дода шуд, ки лоиҳаҳо таҳия намуда, дар мавзеъҳои осебдида корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба роҳ монанд.

Дар ноҳияи Балҷувон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳукумат ва соҳибкорони маҳаллӣ гузаронида мешаванд. Ба сифати корҳои иҷрогардида таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз 3 то 26 май дар қаламрави ҷумҳурӣ 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, тибқи санадҳои аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо пешниҳодшуда, ҳаҷми зарар зиёда аз 44 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар саҳифаи ҳукумати Хатлон дар Facebook хабар дода мешавад, ки дар ноҳияи Балҷувон корхонаи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмон боз шуд.

Сарвазири мамлакат сохтмони корхонаҳои навро муҳим арзёбӣ намуда, рушди бахши хусусиро барои татбиқи ҳадафи миллӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар ба саноатикунонии кишвар расидан дастгирӣ кард.

Ғайр аз ин, дар деҳаи Самари ҳамин ноҳия мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии №24 боз шуд. Ин муассиса аз 10 синф иборат буда, дар он барои 480 нафар хонандагон шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, дар ноҳияи Балҷувон сохтмони 257 иншоот ба нақша гирифта шуда, 108-то он аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.