Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?

Соро Ҳакимӣ, як зани афғонистонии 39-солаест, ки дар шаҳри Ваҳдат қаҳвахонаеро бо номи “Баҳористон” боз карда, чанд муҳоҷир ё гуреза аз Афғонистонро бо ҷои кор таъмин кардааст. Ӯ соли 2021, баъди сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон  ҳамчун гуреза ба Тоҷикистон омад ва дар шаҳри Ваҳдат кору зиндагӣ ихтиёр кард. Вақте нав ба Тоҷикистон омад, […]

Соро Ҳакимӣ, як зани афғонистонии 39-солаест, ки дар шаҳри Ваҳдат қаҳвахонаеро бо номи “Баҳористон” боз карда, чанд муҳоҷир ё гуреза аз Афғонистонро бо ҷои кор таъмин кардааст. Ӯ соли 2021, баъди сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон  ҳамчун гуреза ба Тоҷикистон омад ва дар шаҳри Ваҳдат кору зиндагӣ ихтиёр кард.

Вақте нав ба Тоҷикистон омад, намедонист, ки чӣ кор кунад ва чӣ тавр рӯзӣ пайдо кунад. Аввалҳо дар хона як навъи самбӯса, ки дар Афғонистон булонӣ мегӯянд, мепухту дар маркази шаҳри Ваҳдат, минтақаи маъруф ба “Ҳайкали модар”          мефурӯхт.

“Мушкили аввали мо баъди ба Тоҷикистон муҳоҷир шудан он буд, ки намедонистем чӣ кор кунему куҷо кор кунем. Сипас, дар хона “пирожки” (булонӣ) пухта, дар назди ҳайкал савдо мекардам. Баъд аз он ки машҳур шудаму ҳама шинохтанд ва пухтупази маро пазируфтанд, қаҳвахонаи афғонӣ боз кардам.” – мегӯяд Соро.

Мушкили асосӣ дар он қаҳвахона тангии ҷой ва набудани мизу курсиҳо барои нишастани муштариён буд. Баъди як соли фаъолият он қаҳвахона аз кор бозмонд ва Соро Ҳакимӣ муддате дар бозор ба фурӯши кабудӣ машғул шуд. Ҳамакнун се моҳ мешавад, ки қаҳвахонаи дигареро бо номи “Баҳористон” боз кардааст.

Ин қаҳвахона чӣ гуна ташкил шуд, чӣ тавр фаъолият мекунад, чӣ мушкил дораду Соро чӣ гуна мехоҳад онро ҳал кунад ва нақшаҳои минбаъдаи ӯ чӣст? Дар навори зерин ба ин суолҳо посух дода шудааст.

Бояд гуфт, фаъолияти ин бонуи афғонистонӣ як намуди соҳибкории иҷтимоӣ аст, ки интизор меравад дар Тоҷикистон бо ин ном қонуне қабул гардад. Мувофиқи лоиҳаи қонуне, ки пешниҳод гардидааст, муҳоҷирон низ ба қишри осебпазири ҷомеа дохил мешаванд ва фаъолияти Соро Ҳакимӣ, ки барои чанд муҳоҷири афғонистонӣ ҷои кор муҳайё кардаасту маош медиҳад, соҳибкории иҷтимоӣ ҳисобида мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки омадани гурезагони афғон ба Тоҷикистон замоне афзоиш ёфт, ки қудратро дар Афғонистон Толибон ба даст гирифтанд. Қисме аз гурезагони афғон Тоҷикистонро барои рафтан ба кишвари сеюм интихоб кардаанд. Мувофиқи омори СММ, соли 2022 шумораи муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон тақрибан ҳудуди 14 ҳазорро дар бар мегирад, ки онҳо дар шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакиву Шаҳринав, ВМКБ, се ноҳияи вилояти Хатлон ва ду ноҳияи вилояти Суғд маскун шудаанд.

Дар Тоҷикистон онҳо бекор намонда, аксарият ба шуғле машғуланд. Бештари мардони онҳо маъмулан дар сохтмон кору фаъолият мекунанд, занонро бошад дар бахшҳои савдо вохӯрдан мумкин аст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.