Боздошти сармуҳаррири ҳафтонаи “Пайк” дар Кӯлоб

Мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон Аҳмади Иброҳим, яке аз рӯзноманигорони шинохта ва раҳбари нашрияи мустақили “Пайк”-ро дастгир кардаанд. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзноманигор рӯзи 12-уми август дар маҳалли кораш дар шаҳри Кӯлоб дастгир шуд ва то ҳоло дар боздоштгоҳ аст. “Ӯ ба пешниҳоди ришва ба як корманди давлатӣ муттаҳам аст. […]

Радиои Озодӣ

Мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон Аҳмади Иброҳим, яке аз рӯзноманигорони шинохта ва раҳбари нашрияи мустақили “Пайк”-ро дастгир кардаанд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзноманигор рӯзи 12-уми август дар маҳалли кораш дар шаҳри Кӯлоб дастгир шуд ва то ҳоло дар боздоштгоҳ аст.

“Ӯ ба пешниҳоди ришва ба як корманди давлатӣ муттаҳам аст. Додситонии Кӯлоб ба зидди ӯ бар тибқи моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “додани пора” парвандаи ҷиноӣ боз кард,” – афзуд манбаъ.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки нахост, ба сабаби масъули додани маълумот набуданаш номбар шавад, Аҳмади Иброҳим барои тамдиди парвона ё иҷозатномаи кори “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон, ба як мақоми расмӣ пул пешниҳод кардааст.

Дертар айбномаи Аҳмади Иброҳим тағйир дода шуда, ӯ бар пояи банди 32, қисми се, яъне қасди ҷинояти анҷомнаёфта ва банди 320 қисми ду: додани пора гумонбар шудааст, ки ҷазоҳои гуногун аз ҷарима то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Мақомоти расмӣ дар бораи боздошт хабар надодаанд ва наздикони Аҳмади Иброҳим хабари боздошти ӯро на тасдиқ карданд ва на рад.

 

Нақшаи тарҳрезишуда?

Яке аз дӯстони Аҳмади Иброҳим рӯзи 16 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд сардабири «Пайк» қурбонии нақшае шуд, ки ҳадафаш боздошти ӯ буд. Вай созмон ёфтани ин саҳнасозиро ба ба корманди КДАМ бо номи Раҳмонов бастагӣ дод.

Манбаъи дигар дар Кӯлоб, ки аз воқеа хабардор аст, ба шарти ифшо нашудани номаш ин номро тасдиқ кард ва гуфт, ки Раҳмонов, масъули робита бо ҷомеаи КДАМ чанд рӯз пеш назди Аҳмади Иброҳим омада гуфтааст, ки ӯ ҳозир аст, масъалаи тамдиди парвонаи кори "Пайк"-ро дар Вазорати фарҳанг ҳал кунад.

“Ин корманди КДАМ, ки вазифааш ҳамкорӣ бо хабарнигорон будааст, се моҳи охир тақрибан ҳар рӯз ба утоқи Аҳмади Иброҳим омада, худро мухлис ва ҳаводори навиштаҳои ӯ вонамуд мекардааст. Мақола ва китобҳояшро хонда, назди Аҳмади Иброҳим аз онҳо тавсиф мекард. Ӯро «устод» хонда, вонамуд мекард, ки ба маслиҳату машварати журналист ниёз дорад ва навиштаҳои ӯ ба фоидааш ҳастанд. Аз моҳи март ба Пайк иҷозатнома надода буданд. Раҳмонов борҳо омада, ба Аҳмади Иброҳим ваъда додааст, ки корашро ҳал мекунад. Рӯзи 11 уми август назди Аҳмади Иброҳим омада гуфтааст, Душанбе меравад ва ҳамзамон ба Вазорати фарҳанг рафта, иҷозатномаи корашро мегирад. Ба Аҳмади Иброҳим мегӯяд, ки барои ин кор 2,5 ҳазор сомонӣ даркор аст. Ин маслиҳат ва талаби пул дар сабтҳо дар парванда нест. Фақат он чизеро сабт кардаанд, ки алайҳи журналист аст. Рӯзи дигар вақте меояд ва пулро ба ӯ медиҳад, ӯро сабт карда боздошт мекунанд. Аз рӯи қонун ин пешниҳоди пора нест. Аҳмади Иброҳим ба ҷое нарафта пора пешниҳод накардааст, балки дар утоқи ӯ корманди КДАМ омада, пора талаб кардааст. Ин “подстава”-и рӯирост аст. Аз тарафи дигар, корманди КДАМ шахси масъул дар ҳалли ин кор нест, ки ин амал пешниҳоди пора ҳисоб шавад.”

Як дӯсти дигари Аҳмади Иброҳим ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, зоҳиран ин тавтеаи мақомдорони маҳаллӣ алайҳи журналист аст, ки онҳоро танқид мекард.

“Ӯ аз сиёсати президенти кишвар сахт тарафдорӣ мекард. Доим ба ҳимоя аз президент бо мухолифонаш баҳс мекард ва онҳоро танқид мекард. Фикр мекунам, агар гап то президент расад, ӯ озод мешавад. Ин кори мансабдорони маҳаллӣ аст,”—гуфт ӯ.

Ин дӯсти Аҳмади Иброҳим гуфт, ӯ мақолаҳои ҷиддӣ алайҳи тундгароён навишта, ки боиси вокуниши ҷиддӣ гашта буданд.

“Гулмурод Ҳалимов, полковнике ки ба ДОИШ рафта буд, барои мақолаҳояш ӯро аз Сурия таҳдид карда буд. Гуфта буд, ки ҳатман журналистро ҷазо хоҳад дод. Абу Холиди Кӯлобӣ доишии дигар ӯро ба марг таҳдид карда буд ва гуфта буд, ки хонаашро метарконад. Ин маънои онро дошт, ки суханаш бо ДОИШ-иҳо таъсир карда буд. Ҳоло чунин журналистеро мехоҳанд ҷазо диҳанд”

 

"Ҳомӣ ва мухлиси ҳукумат"?

Аҳмади Иброҳим агарчӣ дар баҳси мухолифон ва ҳукумат бештар тарафи дувумиро мегирифт, дар мавридҳои алоҳида кори баъзе аз вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллиро дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб танқид мекард.

“Чаро журналисти тоҷикро на ҳукумат дӯст медораду на раият?" ё “Вақте ҳамагӣ 2 километр дуртар аз шаҳр дарёи об беҳадаф ҷорӣ асту нисфи шаҳр беоб мемонад, айби кӣ аст – аз ҳукумати ҷумҳурӣ ё ҳукумати шаҳр?” аз нигоштаҳои як моҳи охири ӯ дар шабакаҳои иҷтимоист.

Ӯ ду сол пеш дар номае ба Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додситонии кул аз фишор ба хабарнигорони “Пайк” шикоят карда буд. Гуфта буд, ки мақомоти интизомӣ барои мақолаи танқидӣ дар бораи як кӯдакистон дар шаҳри Кӯлоб хабарнигоронашро ба танг оварда, ҳатто хостаанд, писари бемори ӯро ҳам, ки хабарнигор аст, бо зӯр сиҳату саломат нишон дода, ба артиш баранд. Мақомоти интизомӣ ин иддаоро рад карда буданд.

Дар Тоҷикистон, ки онро созмонҳои хориҷии ҳомии ҳуқуқ “зиндони хабарнигорон” номидаанд, дар ду соли охир ҳашт рӯзноманигору блогер зиндонӣ карда шудаанд.

Мақомот мегӯянд, онҳоро барои ҷиноятҳояшон, аз ҷумла ифротгароӣ аз озодӣ маҳрум карданд, аммо ба гуфтаи худи хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, “гуноҳи” онҳо гуфтани воқеияту ҳақиқат дар Тоҷикистон ва танқиди мақомоту ҳукумат буд.

 

Рӯзноманигор ва нависандаи пуркор

Аҳмади Иброҳим 62-сола аст. “Рӯди пурхун”, “Ҷаҳиши охирини бабр”, "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои нашркарди ӯст.

Вай нашрияи “Пайк”, ягона ҳафтаномаи мустақилро дар вилояти Хатлон дар соли 2012 сабти ном кард, аммо дар бештар аз даҳ соли охир кораш ҳамвор набуд. Гоҳе барои танқиду тундгӯӣ ба баҳс кашида шуда, гоҳе ба сабаби душвории молӣ аз чоп мондааст.

Соли 2014 Додситонии вилояти Хатлон чопи нашрияро барои як муддат боздошт. Дар дастури он гуфта мешуд, ки нашрия мӯҳлати кори худро дар муддати панҷ моҳ дубора дароз накардааст.

Он вақт ҷазо аз пардохти 400 сомонӣ ҷарима иборат буд. Ҳоло ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ ҳамин масъала, яъне тамдиди парвонаи кори “Пайк” гӯё сабаби боздошти Аҳмади Иброҳим шудааст, вале ангезаи аслии воқеа ва зарурати боздошти ин рӯзноманигор номаълум мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.