Ҳайати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони куштии миллӣ эълон шуд

Дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз намуди куштии миллӣ, ки аз 28-ум то 31-уми август дар Душанбе баргузор мегардад, Тоҷикистонро 18 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора “Ховар” иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки миёни варзишгарони тоҷик 12 куштигири мард ва шаш зан ҳастанд. Варзишгарони тоҷик дар ҳар вазн ду нафар баромад хоҳанд кард. Ҳайати варзишгарони […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз намуди куштии миллӣ, ки аз 28-ум то 31-уми август дар Душанбе баргузор мегардад, Тоҷикистонро 18 варзишгар муаррифӣ мекунанд.

Дар ин бора “Ховар” иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки миёни варзишгарони тоҷик 12 куштигири мард ва шаш зан ҳастанд. Варзишгарони тоҷик дар ҳар вазн ду нафар баромад хоҳанд кард.

Ҳайати варзишгарони тоҷик:

Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев – 65 кг;

Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов – 71 кг;

Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов – 78 кг;

Умар Расулов, Ҳақназар Назаров – 86 кг;

Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов – 95 кг;

Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов – +95 кг;

Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан – 52 кг;

Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова – 70 кг;

Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова – +70 кг;

Қаблан аз Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода буданд, ки мусобиқа дар 9 вазн баргузор шуда, занон дар 3 вазн ва мардон дар 6 вазн рақобат мекунанд. Дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Фонди ҷоизавии мусобиқа бошад, 400 ҳазор доллари ИМА гуфта мешавад.

Баррандаҳои нишони тиллои мусобиқа 20 000, медали нуқра 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА ҷоиза мегиранд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки  дастаҳое, ки аз рӯи шумораи медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, ҷоиза бо маблағӣ 5000, 3000 ва 2000 доллар ба даст меоранд.

“Аз рӯйи нақша дар ду рӯзи аввал кушодашавии мусобиқот ва интихоботи президенти Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ мегузарад, худи мусобиқот рӯзҳои 30 ва 31 август дар Қасри теннис ва варзиши обӣ доир мегардад. Барои тамошобинон даромад ройгон аст", – гуфта буданд аз Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон.

Инчунин, ба иттилои масъулон, дар рафти мусобиқа миёни мухлисон бозии ройгони бурднок гузаронида шуда, ба ҳайси ҷоиза автомобили тамғаи “Camry 6” ва 5 телефони “Iphone 15 Pro” омода шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.