Доварии намояндагони Тоҷикистон дар бозии марҳилаи интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2026

Довари ФИФА (FIFA) Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, Гулмуроди Саъдулло якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор […]

Asia-Plus

Довари ФИФА (FIFA) Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, Гулмуроди Саъдулло якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, сардовар таъин шудааст.

Ба Гулмуроди Саъдуллои 33-сола дар майдон ҳамватанонаш, ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Насрулло Кабиров иҷро мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар VAR (кумак тариқи видео барои сардовар) Сивакорн Пу-Удом аз Таиланд кор намуда, ёвари VAR – довари дигари таиландӣ Торфонг Сомсинг таъйин шуд.

Қобили зикр аст, ки Гулумуроди Саъдулло ва боз чанде аз доварони тоҷик ба рӯйхати ҳакамони таҷрибадори Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд ва дар бозиҳои муҳим дар доираи мусобиқаҳои Конфедеарстсия довар таъин карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.