Дар Тоҷикистон Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ қабул шуд

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 август Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании    Тоҷикистон  барои  солҳои  2025-2030 қабул шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ҳадафи барномаи мазкур таъмини бехатарии мусофирон, ҳайати парвозӣ, кормандони рӯйзаминӣ, ҳифзи иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ мебошад. Дар маҷлис таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ […]

Asia-Plus

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 август Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании    Тоҷикистон  барои  солҳои  2025-2030 қабул шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ҳадафи барномаи мазкур таъмини бехатарии мусофирон, ҳайати парвозӣ, кормандони рӯйзаминӣ, ҳифзи иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ мебошад.

Дар маҷлис таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддн Абуллозода дар ин робита изҳор намуд, ки стратегия ҳадаф, вазифа ва афзалиятҳои ошкорсозии бармаҳали бемориҳо, паст кардани сатҳи беморшавӣ, коҳиш додани фавти бармаҳал ва маъюбият аз бемориҳои ғайрисироятӣ ва беҳтар намудани сифати ҳаётро муайян менамояд.

Самтҳои асосии татбиқи стратегия амалисозии чорабиниҳо, аз қабили тарғиби принсипҳои тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни аҳолӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият ҷиҳати амалисозии стратегия, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва пешниҳод кардани ҳисобот аз рафти иҷрои корҳо дастуру супоришҳо дод.

Гуфта мешавад, доир ба таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази миллӣ оид ба амалинамоии Созишномаи Париж” ва дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандони камбизоат дар Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фарҷоми маҷлис президент таваҷҷуҳи ахзои ҳукуматро ба зарурати омодагии ҷиддӣ ба оғози соли нави хониш ва мавсими зимистон ҷалб кард.

Ҳамчунин дар ҷараёни маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)” муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.