Дар Тоҷикистон барои ворид кардани беш аз 2500 мошини кӯҳна ва дар сарҳад дармонда иҷозат доданд

Дар Тоҷикистон барои ворид кардани 2 ҳазору 522 мошини то соли 2013 истеҳсолшуда иҷозат доданд. Ин мошинҳо аз моҳи октябри соли 2023, баъди манъи вуруди мошинҳои то соли 2013 истеҳсолшуда, дар таваққуфгоҳҳои махсуси гумрукии кишвар нигоҳ дошта мешуданд. Давоми чанд сол мақомот онҳоро “куҳна” ҳисобида, аз тоҷирон талаб карданд, ки ё онҳоро ба кишвари дигар […]

Радиои Озодӣ

Дар Тоҷикистон барои ворид кардани 2 ҳазору 522 мошини то соли 2013 истеҳсолшуда иҷозат доданд. Ин мошинҳо аз моҳи октябри соли 2023, баъди манъи вуруди мошинҳои то соли 2013 истеҳсолшуда, дар таваққуфгоҳҳои махсуси гумрукии кишвар нигоҳ дошта мешуданд.

Давоми чанд сол мақомот онҳоро “куҳна” ҳисобида, аз тоҷирон талаб карданд, ки ё онҳоро ба кишвари дигар баранд, ё ҳамчун қисмҳои эҳтиётӣ ба фурӯш гузоранд.

Тибқи ҳуҷҷате, ки Радиои Озодӣ дастрас кардааст, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 2-юми сентябр дар посух ба дархости масъулони Хадамоти гумрук ба гирифтани мошинҳои бандмонда ризоят додааст.

Масъулони Хадамот дар номае аз 11-уми июни соли 2024 ба ҳукумат гуфтаанд, “бо вуҷуди чораандешӣ, аз моҳи октябри соли 2023 то ин дам ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ боз 2522 воситаи нақлиёти бароришашон то соли 2013 ворид гардиданд. Ин воситаҳои нақлиёт дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ҷойгир карда шудаанд”.

Як масъули Раёсати гумрук дар вилояти Суғд бо тасдиқи хабар рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “ба ҳамаи нақлиёти истеҳсолашон то соли 2013, ки дар анборҳо ҳастанд, иҷоза дода шуд, боҷи гумрукиро супоранду гузаранд. Ҳоло ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ рафта истодааст”.

“Ин “афв” танҳо ба мошинҳои бандмонда дар анбору истгоҳҳои гумрукӣ дахл дорад. Овардани чунин мошинҳо ба ҳудуди Тоҷикистон манъ аст”, – гуфтааст ӯ.

Чанде аз тоҷирон, ки қаблан аз банд мондани мошинҳояшон дар анбору истгоҳҳои гумрукӣ ибрози нигаронӣ доштанд, низ чунин паём гирифтаанд. Онҳо умед доранд, ки ба зудӣ ва баъд аз анҷоми ҳуҷҷатгузории гумрукӣ нақлиёташонро мегиранд.

Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2023, ҳангоми нашри қарор, ҳадафро аз манъи нақлиёти “куҳна” ҳифзи муҳити зист ва коҳиши партовҳо ба ҳаво гуфтанд. Ҳукумат он вақт барои соҳибкорон ду моҳ муҳлат дода буд, ки чунин мошинҳоро наоранд.

Баъзе аз тоҷирон дар моҳи августи имсол ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин мошинҳоро пеш аз иҷрои қарор харида буданд, вале натавонистанд саривақт ба Тоҷикистон расонанд. Онҳо гуфта буданд, ки мошинҳоро бо нияти фурӯхтану гирифтани фоида аз хориҷа оварданд, аммо ҳар рӯз зарар мебинанд. Аз як сӯ, ба гуфтаи онҳо, мошинҳо фарсудаву таъмирталаб гашта, аз сӯйи дигар барои истодани мошинҳо дар истгоҳҳои гумрукӣ ҳар моҳ садҳо сомонӣ мепардозанд.

Мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 дар муқоиса ба мошинҳои нав арзон ва барои қишри миёна дар Тоҷикистон дастрасанд. Бештари мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013, аз 35 то 100 ҳазор сомонӣ (3000 – 9000 доллар) нарх доранд. Нақлиёте, ки баъд аз соли 2014 истеҳсол шудаанд, аз 150 ҳазор сомонӣ (13 ҳазор доллар) боло ҳастанд.

Бо назардошти дастрас будани нақлиёти тавлидашон то соли 2013, тоҷирон талош мекарданд, ин гуна мошинҳоро аз Кореяи Ҷанубӣ ва Аврупо ба Тоҷикистон оранд. Дар се соли охир ба Тоҷикистон ҳудуди 110 ҳазор мошини тавлидашон то соли 2013 оварда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.