Корфармоёну корҷӯён барои як “дидори кӯтоҳмуддат” дар Душанбе гирдиҳам омаданд

Дар Душанбе рӯзи 17 сентябр бори аввал чорабиние бо номи Speed ProF Dating (Дидори кӯтоҳмуддати корозмудагон) баргузор гардид. Дар ҷараёни он шахсон аз соҳаҳои гуногун гирдиҳам омада, корфармоён бо довталабони эҳтимолӣ шинос шуданд. Чорабинӣ бо ташаббуси мураббии рушди шахсӣ ва лайф-коуч Мунира Исомова, шоир ва стендап-ҳаҷвнигор Ҳабибҷон Баҳриддинов созмон дода шуда, аз ҷониби гастро-бари Community […]

Дар Душанбе рӯзи 17 сентябр бори аввал чорабиние бо номи Speed ProF Dating (Дидори кӯтоҳмуддати корозмудагон) баргузор гардид. Дар ҷараёни он шахсон аз соҳаҳои гуногун гирдиҳам омада, корфармоён бо довталабони эҳтимолӣ шинос шуданд.

Чорабинӣ бо ташаббуси мураббии рушди шахсӣ ва лайф-коуч Мунира Исомова, шоир ва стендап-ҳаҷвнигор Ҳабибҷон Баҳриддинов созмон дода шуда, аз ҷониби гастро-бари Community дастгирӣ ёфт.

Тавре ки хабарнигори «Азия-Плюс», ки дар чорабинӣ ҳузур дошт, хабар медиҳад, иштирокчиён фаъолона суҳбат карда, ҳамкориҳои ояндаро дар гуфтугӯҳои кӯтоҳмуддат баррасӣ карданд.

Ба ҳар кадоме аз иштирокчӣ ҳамагӣ панҷ дақиқа ҷудо мешуд, то худро ба корфармои эҳтимолӣ ё довталаб муаррифӣ кунад, вале ин вақт барои барқарор кардани робитаҳои аввалия басанда буд. Иштирокчиён ҳадафҳои гуногун доштанд: бархе кормандони соҳибихтисос меҷустанд, дигарон талош мекарданд, ки кори ҷолиб пайдо кунанд ва бархеи дигар барои роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ ва васеъ кардани доираи шиносҳо омада буданд.

Ҳар як гуфтугӯи панҷдақиқагӣ дар чорабинӣ муфид ва пурмазмун буд. Яке мутахассиси лозима ва дуюмӣ – корфармои мувофиқ дарёфта, бархе ҳатто шарикони нави тиҷоратӣ пайдо карданд. Масалан, яке аз иштирокчиён дар соҳаи логистика изҳор дошт, ки бо намояндаи як ширкати дорусозӣ шинос шуда, онҳо аллакай дар бораи ҳамкориҳои оянда ба мувофиқа расиданд.

Бисёре аз иштирокчиён низ зикр карданд, ки ин тарзи дидору гуфтугӯ назар ба суҳбатҳои маъмулӣ хеле қулайу шавқовартар аст. Дар муҳити ғайрирасмӣ одамон худро озодтар ҳис карда, дар бораи худ бештар маълумот медиҳанд.

Вохӯрӣ бо машғулияти ҷолиб аз ҷониби худи Мунира Исомова анҷом ёфт. Ба иштирокчиён варақа ва лифофаҳо дода шуданд, ки дар онҳо бояд хоҳиш ё паёме барои касе навишта мешуд. Баъдан ҳамаи навиштаҳоро ҷамъ оварда, онҳоро омехта карданд ва ҳар як иштирокчӣ яке аз онҳоро гирифт, то паёми ғайриинтизореро барои худ дарёфт кунад. Иштирокчиён бо рӯҳияву илҳоми саршор изҳор доштанд, ки бесаброна чорабинии ояндаро интизор хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.