Боздошти муовини роҳбари диаспораи тоҷикон дар Иркутск ба гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Кормандони Раёсатҳои ВКД ва Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия дар вилояти Иркутск муовини раиси диаспораи тоҷикон ва раиси маркази миллии ӯзбеконро ба гумони даст доштан дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт намуданд. Ному насаби онҳо зикр нашудааст. Ба иттилои Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Иркутск, аз моҳи январи соли ҷорӣ роҳбарони ду диаспора дар ҳамдастӣ бо […]

Кормандони Раёсатҳои ВКД ва Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия дар вилояти Иркутск муовини раиси диаспораи тоҷикон ва раиси маркази миллии ӯзбеконро ба гумони даст доштан дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт намуданд. Ному насаби онҳо зикр нашудааст.

Ба иттилои Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Иркутск, аз моҳи январи соли ҷорӣ роҳбарони ду диаспора дар ҳамдастӣ бо маркази таълими иловагӣ “ба ивази пул ба шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия сертификат (гувоҳнома) дода, он минбаъд ба мақомоти муҳоҷирати ВКД пешниҳод мешудааст.

“Дар ҳамин ҳол, аксари хориҷиён дар амал дар ин бора дониши казоӣ надоштаанд. Ин амалҳои ҷинояткоронаи онҳо ба гирифтани патенти корӣ, инчунин Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар вилояти Иркутск мусоидат кардаанд”, – омадааст дар хабар.

Муайян карда шудааст, ки барои сертификати донистани забони русӣ роҳбарони диаспораҳо 8 ҳазор рубл маблағ гирифта, дар давраи фаъолияти ғайрмиқонунии худ ба сурати умум зиёда аз 1,5 млн рубл даромад ба даст овардаанд.

“Дар ҷараёни кофтуков дар дафтарҳои корӣ ва маҳалли зисти онҳо компютер, флеш-корт, 1,7 млн рубл, кортҳои бонкӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои собиткунандаи амалҳояшон дарёфту мусодира шуданд”, – гуфтаанд дар Сарраёсати ВКД.

Вобаста ба ин амалҳо мутобиқи моддаҳои 204 ва 322.1-и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудаааст. Яке аз гумонбаршудагон (кадоме аз онҳо зикр намешавад) ба ҳабс гирифта шуда, барои дигарӣ анҷоми амалҳои муайян манъ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.