Эҳсони Панҷшанбе мавсими ояндаро дар Ӯзбекистон мегузаронад

Футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе ба мусобиқаи Суперлигаи футболи Ӯзбекистон бармегардад. Дар ин бора манбаъҳо аз Ӯзбекистон хабар медиҳанд. Яке аз футболбозони беҳтарини Тоҷикистон қаблан дар тими “Зоб Оҳан”-и Эрон ҳунарнамоӣ мекард. Дар мавсими солҳои 2022/2023 нимҳимоятгари тоҷик дар Эрон дар 5 вохӯрӣ иштирок ва ба сурати умум дар майдон 66 дақиқа бозӣ кардааст. Ӯ аз […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе ба мусобиқаи Суперлигаи футболи Ӯзбекистон бармегардад. Дар ин бора манбаъҳо аз Ӯзбекистон хабар медиҳанд. Яке аз футболбозони беҳтарини Тоҷикистон қаблан дар тими “Зоб Оҳан”-и Эрон ҳунарнамоӣ мекард.

Дар мавсими солҳои 2022/2023 нимҳимоятгари тоҷик дар Эрон дар 5 вохӯрӣ иштирок ва ба сурати умум дар майдон 66 дақиқа бозӣ кардааст. Ӯ аз тими “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон ба “Зоб Оҳан” гузшта буд.

Аз соли 2020 ӯ дар ин даста бозӣ мекард. Дар ҳайати тими “Навбаҳор” ӯ дар 43 бозии Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ карда, 2 гол задааст ва 2 партоби головар анҷом додааст. Дар Суперлигаи кишвари ҳамсоя ӯ 2723 дақиқа бозӣ кардааст.

Сипас Эҳсон аз Эрон ба тими “Истиқлол”-и Душанбе омад. Акнун боз ба Супелигаи Ӯзбекистон бармегардад. Дар ин бора рӯзноманигори Ӯзбекистон Нарзулло Сайдуллоев хабар додааст.

Эҳсони Панҷшанбе 12 майи соли 1999 дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омада, аз соли 2002 дар Душанбе зиндагӣ мекунад.

Бозии касбии футболро соли 2016 аз ҳайати дуюми “Истиқлол” оғоз карда, сипас ба тими “Барқчӣ” рафт. Баъдан боз ба “Истиқлол” баргашта, акнун дар ҳайати асосӣ бозӣ мекард.

Дар давраи аз соли 2020 то 2022 дар ҳайати дастаи “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кард. Соли 2022 ба тими “Зоб Оҳан”-и Эрон гузашта, соли 2023 боз ба дастаи “Истиқлол” баргашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.