Се шаҳрванди Покистон барои фурӯши сиккаҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон се шаҳрванди Покистонро бо гумони қаллобӣ боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро фиреб дода, ду килограм сиккаи қалбакиро ҳамчун сиккаҳи тиллоӣ гуфта, дар умум бо маблағи 34 ҳазор доллар ба фурӯш гузоштаанд. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт аз онҳо Абдуллоҳ Муҳаммад, Исмаил Муҳаммад ва Ясин Муҳаммад ном бурда, гуфтааст, ки “барои […]

Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон се шаҳрванди Покистонро бо гумони қаллобӣ боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро фиреб дода, ду килограм сиккаи қалбакиро ҳамчун сиккаҳи тиллоӣ гуфта, дар умум бо маблағи 34 ҳазор доллар ба фурӯш гузоштаанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт аз онҳо Абдуллоҳ Муҳаммад, Исмаил Муҳаммад ва Ясин Муҳаммад ном бурда, гуфтааст, ки “барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва бе расмиёти гумрукӣ ба хориҷи кишвар интиқол додани асъори долари амрикоӣ дастгир карда шуданд”.

Мақомоти гуфтаанд, ки шаҳрвандони Покистон мехостаанд маблағи бадастомадаро ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд, вале онҳо дар сарҳад дастгир шудаанд.

Айни ҳол бар зидди боздоштшудаҳо бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247 КҶ), кочоқи мол аз сарҳад (моддаи  289 КҶ) ва тайёрӣ ба ҷиноят (моддаи 32 қисми 3 КҶ) парванда боз кардаанд.

Бар асоси ин бандҳои қонун, вобаста ба бандубасти он, ҷарима ё то 10 соли зиндон мушаххас шудааст.

Назари худи боздоштшудаҳо маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.