Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби сармоягузории Фонди кувайтии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон

Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом дод, ки дар онҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъда байни кишварҳо, аз ҷумла маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва ҷалби сармоягузорӣ баррасӣ шуданд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар […]

Asia-Plus

Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом дод, ки дар онҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъда байни кишварҳо, аз ҷумла маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва ҷалби сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди кувайтии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, иншооти бахши энергетика ва обёрӣ маври баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Тоҷикистон дар робита ба ин ба роҳбарияти Давлати Кувайт барои иқдоми ҷудо намудани 100 млн доллар барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи “Роғун” арзи сипос кард.

Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо, аз ҷумла дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф мувофиқи мақсад дониста шуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков дидору гуфтушунид карда, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории самарабахши Тоҷикистон бо Дафтари зиддитеррористии СММ, ҳамчунин ҷараёни кори конфронси зикргардида баррасӣ шуд.

Ба афзоиши таҳдиду хатарҳо ба амну субот, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзии вобаста ба ин зуҳурот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои мазкур изҳор доштанд.

Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Қасри ас-Салом, ки  дар минтақаи Шувайхи шаҳри Ал-Кувайт воқеъ гардидааст, боздид намуд. Ба меҳмони олимақом дар хусуси таърихи бунёди ин иншооти фарҳангиву таърихӣ маълумот дода шуд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм, инчунин як қатор дигар чорабиниҳои муҳим ширкат варзид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.