Ӯзбекистон осонтар кардани гузаштани сарҳад бо Тоҷикистонро дар нақша дорад

Ӯзбекистон ният дорад, ки  тартиби гузаштани сарҳадро бо Тоҷикистон ва Қазоқистон тариқи ID-корт ҷорӣ кунад. Тавре ки Газета.уз менависад, дар Палатаи қонугузории Олий Маҷлис рӯзи 20 ноябр президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар ин бора хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар роҳандозии сиёсати хориҷии самаранок, васеъ кардани доираи дӯстону шарикон ва амиқтар […]

Ӯзбекистон ният дорад, ки  тартиби гузаштани сарҳадро бо Тоҷикистон ва Қазоқистон тариқи ID-корт ҷорӣ кунад. Тавре ки Газета.уз менависад, дар Палатаи қонугузории Олий Маҷлис рӯзи 20 ноябр президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар ин бора хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар роҳандозии сиёсати хориҷии самаранок, васеъ кардани доираи дӯстону шарикон ва амиқтар ба роҳ мондани ҳамкории минтақавӣ бо ҳамсояҳокишварҳои наздик хеле муҳим аст.

Ӯ таъкид доштааст, ки таҳкими муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва субот ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ боқӣ хоҳанд монд.

Соли 2025 дар кишвар мулоқоти «Панҷгонаи Осиёи Марказӣ» (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон) баргузор мешавад, ки ба гуфтаи ӯ, «қадами муҳимми амалӣ дар ин самт хоҳад буд».

"Аз 1 сентябр шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд бо истифода аз ID-корт (ба ҷои шиносномаи хориҷӣ) озодона ба Қирғизистон сафар кунанд, – изҳор дошт Мирзиёев. – Дар нақша аст, ки низоми ба ин монанд бо Қазоқистон ва Тоҷикистон низ ҷорӣ карда шавад".

Президенти Ӯзбекистон зикр кард, ки ба густариши минбаъдаи робитаҳои самаранок ва доимӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, дигар шарикони пешбар, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии бонуфуз, инчунин ниҳодҳои молиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар ин ҷаласа президент номзадии сарвазири феълӣ Абдулло Ориповро ба мансаби раиси ҳукумат пешбарӣ кард.

«Ҳукумат фаъолияти худро бояд дар асоси комилан нав ташкил кунад, аз ин рӯ, ба он роҳбари қавӣ зарур аст», — изҳор дошт ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.