Рустами Эмомалӣ барои чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2028 раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Дар ин бора дафтари матуботии ФФТ хабар дода, навиштааст, ки интихоботи навбатии раёсати ин ниҳод имрӯз, 14-уми декабр, дар меҳмонхонаи "Ҳаёт реҷенсӣ"-и Душанбе сурат гирифтааст. Ҳамакнун, Рустами Эмомалӣ барои бори чорум раиси […]

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2028 раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Дар ин бора дафтари матуботии ФФТ хабар дода, навиштааст, ки интихоботи навбатии раёсати ин ниҳод имрӯз, 14-уми декабр, дар меҳмонхонаи "Ҳаёт реҷенсӣ"-и Душанбе сурат гирифтааст.

Ҳамакнун, Рустами Эмомалӣ барои бори чорум раиси ФФТ интихоб шуда, чор соли дигар ин курсии худро нигоҳ медорад. Ӯ аз соли 2012 ба ин тараф раиси ФФТ аст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, Хуршед Мирзо ноиби якуми президенти ФФТ ва Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода, Искандар Ҷалилов ноибони дигари ӯ баргузида шудаанд.

Дар Конгресси ФФТ ҳамчунин фаъолияти ин ниҳод дар чор соли гузашта низ муҳокима шудааст.

Дар ин давра дастоварди чашмраси футболи тоҷик то ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими миллии кишвар дар Ҷоми Осиё ба ҳисоб меравад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ имсол дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Қатар ширкат карда, то ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Аммо дар ин марҳила Тоҷикистон аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.