Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст

Дар Индекс (шохис)-и гузариши энергетикӣ дар соли 2024, ки ҳамасола аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum, WEF) нашр мешавад, Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Маркази дар мақоми аввал қарор дорад. Байни 120 кишвар Тоҷикистон бо касби 53,6 балл дар зинаи 71-ум ҷойгир шудааст. Ин нишондиҳанда ба Тоҷикистон имкон додааст, ки дар зинаҳои пештар аз […]

Дар Индекс (шохис)-и гузариши энергетикӣ дар соли 2024, ки ҳамасола аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum, WEF) нашр мешавад, Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Маркази дар мақоми аввал қарор дорад. Байни 120 кишвар Тоҷикистон бо касби 53,6 балл дар зинаи 71-ум ҷойгир шудааст.

Ин нишондиҳанда ба Тоҷикистон имкон додааст, ки дар зинаҳои пештар аз Қазоқистон (мақоми 98-ум – 50,1 балл) ва Қирғизистон (мақоми 80-ум – 52,7 балл) қарор гирад. Ӯзбекистон ва Туркманистон ба радабандӣ шомил нашудаанд.

Индекси гузариши энергетикӣ (Energy Transition Index, ETI) – арзёбии маҷмӯавии низомҳои энергетикии кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки ба ду нишондиҳандаи калидӣ асос ёфтааст: самаранокии низоми энергетикӣ (60%) ва омодагӣ ҷиҳати гузариш ба модели устувор (40%). Байни омилҳои таъсиррасон ба балли умумӣ дастрасӣ ба энергия, устуворӣ, сатҳи навгониҳо (инноватсияҳо), ҳолати зерсохтор, инчунин дастгирии сиёсӣ ва фаъолмандии сармоягузорӣ дар соҳа ба инобат гирифта мешаванд.

Пешсафони радабандии ҷаҳонӣ маъмулан кишварҳои Аврупои Шимолӣ мебошанд: Шветсия – 78,4 балл, зинаи 1-ум, Дания – 75,2 балл, зинаи 2-юм ва Финландия – 74,5 балл, зинаи 3-юм. Нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ 56,5 баллро ташкил додааст, ки каме аз натиҷаи Тоҷикистон балндтар аст.

Байни давлатҳои ИДМ ва минтақаи Хазар (Каспий) дар соли 2024 Озарбойҷон бо 60,3 балл ва мақоми 38-ум пешсаф мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.