Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?

Дар панҷ соли охир маоши кормандони буҷетӣ 4 маротиба – солҳои 2020, 2022, 2023, 2024 ва дар маҷмуъ ба андозаи 100% зиёд карда шуд. Арзиши маҳсулот ва хизматрасониҳо бошад, дар ҳамин давра ҳамагӣ ба андозаи 29% баланд шуд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр зимни ироаи паёми худ ба парлумони […]

Дар панҷ соли охир маоши кормандони буҷетӣ 4 маротиба – солҳои 2020, 2022, 2023, 2024 ва дар маҷмуъ ба андозаи 100% зиёд карда шуд. Арзиши маҳсулот ва хизматрасониҳо бошад, дар ҳамин давра ҳамагӣ ба андозаи 29% баланд шуд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр зимни ироаи паёми худ ба парлумони кишвар изҳор дошт.

Ба гуфтаи президент, дар натиҷаи амалисози чораҳои мушаххас даромади аҳолӣ аз 48 млрд сомонӣ дар соли 2019 то 147 млрд сомонӣ дар соли 2024 зиёд шудааст. Дар навбати худ, қобилияти харидории аҳолӣ низ баланд гардидааст.

Дар баробари ин, аҳолии кишвар аз баландии арзиши молу маҳсулот ва хизматрасониҳо ва номутобиқатии он ба маош шикоят доранд. 

Мо баландшавии воқеии нархҳоро дар 10 соли охир муқоиса кардем. Барои муқоиса 10 номгӯи маҳсулоти ниёзи аввалро интихоб намудем. Ба сабади истеъмолии худ гӯшти гов, нон, сабзӣ, шир, равғани пахта, пиёз, картошка, биринҷ, шакар ва тухмро дохил кардем. Асоси ҳисобҳои моро бошад, додаҳои Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (World Food Programme) ташкил дод. 

Врезка: Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (World Food Programme) бузургтарин ташкилоти башардӯстонаи СММ аст, ки ба кишварҳои қашшоқ ва рӯ ба рушд дар мубориза бо гуруснагӣ ва қашшоқӣ кӯмак мекунад. Дар манбаи додаҳои WFP маълумот дар бораи нархи маҳсулот дар 98 кишвар ва наздики 3000 бозори ҷаҳонӣ аз соли 1992 маҳфуз аст. Ин додаҳоро ба ташкилот ҳукумати кишварҳо пешниҳод мекунанд. 

Ҳисоби мо нишон дод, ки дар 5 соли охир нархи маҳсулот ба таври назаррас баланд шудааст. Масалан, нархи гӯшти гов дар ин 5 сол 47,1% ва давоми 10 сол 118% боло рафтааст. Арзиши нон бошад, дар 5 сол 33% ва дар 10 сол 125% афзоиш ёфтааст. 

Баландшавии арзиши маҳсулоти дигарро метавонед дар графики мо мушоҳида кунед:

 

Муайян кардани афзоиши воқеии нархҳо бо дарназардошти таваррум ва дигар омилҳо душвор аст. Барои ҳамин, мо ҳисобкунаке таҳия кардем, ки дар солҳои 2015-2024 чӣ қадар маҳсулот харида тавонистани шуморо нишон медиҳад. Ин имконият медиҳад, то худи шумо ба беҳтар ё бадтар шудани қобилияти харидориатон баҳо диҳед.

Бояд ба назар гирифт, ки маълумоти пешниҳодшуда арзиши миёнаи маҳсулот дар саросари кишвар аст. Шояд дар асл, нархи ин ё он маҳсулот дар минтақае арзон ё гаронтар бошад.  

Барои истифода аз ҳисобкунак, маҳсулот ва соли мақбулатонро интихоб карда, маоши худро дар ин сол нависед. Ҳисобкунак миқдори маҳсулотеро, ки шумо дар ин сол харида метавонистед, нишон медиҳад. Барои муқоиса шумо метавонед соли дигарро низ интихоб кунед ва ба тағйирёбии қобилияти худ баҳо диҳед.


Калкулятори нархи маҳсулот

Номи маҳсулот, сол ва маблағи заруриро интихоб намоед.

 

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.