Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон

Дар соли 2024 ҳаҷми воридоту содирот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон ва баръакс нисбат ба соли 2023 қариб 100 ҳазор доллари ИМА зиёд шудаааст. Соли гузашта гардиши молу маҳсулот байни онҳо ба 601,3 ҳазор доллар расид. Ин нишондиҳанда дар соли 2023-юм 502,3 ҳазор доллар баробар буд. Дар ин бора Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати Оҷонсии […]

Дар соли 2024 ҳаҷми воридоту содирот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон ва баръакс нисбат ба соли 2023 қариб 100 ҳазор доллари ИМА зиёд шудаааст. Соли гузашта гардиши молу маҳсулот байни онҳо ба 601,3 ҳазор доллар расид. Ин нишондиҳанда дар соли 2023-юм 502,3 ҳазор доллар баробар буд.

Дар ин бора Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати Оҷонсии омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, аз вилояти Суғд ба Қирғизистон ба маблағи 456,6 ҳазор доллар молу маҳсулот содир шуда, аз Қирғизистон ба Суғд ба мабалағи 144,7 ҳазор доллар маҳсулот ворид шудааст.

“Соли 2023-юм содирот 346,7 ҳазор доллар ва воридот 155,6  доллар баробар буд”, – гуфт ӯ.

Сардори омори вилоят гуфт, соли 2023 молу маҳсулоти воридотию содиротӣ миёни Суғд ва Қирғистон ҳамагӣ ду номгӯй қувваи барқ ва обгармкунакҳои барқӣ буд, вале дар соли 2024 ба гардиши молҳои воридотию содиротӣ автомомошинаҳо боркаш ва  гидроаксиди натрий (воридотӣ) илова гардид.

Қобили зикр аст, ки коҳиши ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муддати 4 сол баъди муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздимарзӣ дар охири моҳи апрели соли 2021, ки дар ҷараёни онҳо аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар ҳалоку садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд, идома дошт.

Аз ҳамон вақт сарҳади байни ин кишварҳо бо масофаи 970 километр баста боқӣ мемонад. Гардиши молу маҳсулот миёни давлатҳо тариқи қаламрави кишварҳои сеюм (Қазоқистон, Ӯзбекистон) сурат мегирад.

Ҳаҷми савдо байни кишварҳо дар зарфи се сол зиёда аз се баробар – аз 37 млн доллар дар соли 2020 то 12 млн доллар дар соли 2023 поин рафт.

Ҳоло баъди гуфтушунидҳо дар робита ба маълум кардани хатти марзи ду кишвар, ки дар соли 2024 якбора зиёд шуд, додугурифт ҳам рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз ҷумла, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 9 моҳи соли гузашта зиёда аз 9,1 млн долларро ташкил дод, ки нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 23,5% зиёдтар мебошад.

Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон асосан риштаи пахта, сементи портланд, маснуоти алюминий, инчунин меваҳои донакдор интиқол дода мешуд.

Аз Қирғизистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, шиша, ангиштсанг ва брикетҳо, семент ва ғайра ворид карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.