Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия фоизи баллҳо барои қабули кӯдакони муҳоҷиронро ба мактаб муайян кард

Хадамоти федералии назорат дар соҳаи маориф ва илми Русия (Рособрнадзор) тарҳи фармонеро таҳия кардааст, ки тибқи он барои муваффақона супоридани санҷиши дониши забони русӣ ҳангоми қабул ба мактабҳо, кӯдакони муҳоҷир бояд на камтар аз 30% аз шумораи умумии имконпазири баллҳоро ба даст оранд. Тавре ки хабаргузории “Интерфакс” иттилоъ медиҳад, ин ҳуҷҷат дар портали лоиҳаҳои санадҳои […]

Asia-Plus

Хадамоти федералии назорат дар соҳаи маориф ва илми Русия (Рособрнадзор) тарҳи фармонеро таҳия кардааст, ки тибқи он барои муваффақона супоридани санҷиши дониши забони русӣ ҳангоми қабул ба мактабҳо, кӯдакони муҳоҷир бояд на камтар аз 30% аз шумораи умумии имконпазири баллҳоро ба даст оранд. Тавре ки хабаргузории “Интерфакс” иттилоъ медиҳад, ин ҳуҷҷат дар портали лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Дар лоиҳа зикр шудааст, ки миқдори ҳадди ақалли баллҳое, ки муваффақона супоридани санҷиши дониши забони русии шаҳрвандони хориҷиро тасдиқ мекунад ва барои азхудкунии барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ кофӣ мебошад, на камтар аз 30% аз ҳадди аксари шумораи баллҳо муайян шудааст. Барои ҳамаи синфҳо меъёри ягона муқаррар шудааст.

Дар назар аст, ки ин фармон аз 1 апрели соли 2025 ҳамзамон бо қонуне мавриди амал қарор гирад, ки қабул шудани кӯдакони муҳоҷирро ба мактабҳои Русия бе супоридани санҷиши дониши забони русӣ манъ мекунад. Ин қонунро президент Владимир Путин дар охири декабри соли 2024 имзо кардааст.

Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин қаблан таъкид карда буд, ки «ба иттилои ВКД ва Вазорати маориф, дар соли таҳсили гузашта аз 18 миллион хонанда дар мактабҳои мо зиёда аз 200 ҳазор кӯдакони муҳоҷир таҳсил мекарданд ва ба гуфтаи омӯзгорон, онҳо аксар вақт дар азхудкунии барномаи таълимӣ, муошират бо ҳамсолон ва омӯзгорон душворӣ мекашанд».

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.