Соли гузашта блогерони Тоҷикистон ҳудуди $2,5 млн даромад ба даст овардаанд

То аввали соли равон теъдоди умумии блогероне, ки дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд, 114 субъектро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, теъдоди блогерони сабтшуда тайи соли ахир 26 субъект афзудааст. Аз ҷумла, дар Кумита зикр мекунанд, ки 71 блогер ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, бар асоси шаҳодатнома кор мекунанд ва […]

То аввали соли равон теъдоди умумии блогероне, ки дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд, 114 субъектро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, теъдоди блогерони сабтшуда тайи соли ахир 26 субъект афзудааст.

Аз ҷумла, дар Кумита зикр мекунанд, ки 71 блогер ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, бар асоси шаҳодатнома кор мекунанд ва 43 блогер ба сифати шахсони ҳуқуқӣ фаъолият доранд.

Дар Кумитаи андоз таъкид мекунанд, ки соли 2024 даромади умумии блогерон 27 млн сомонӣ (ҳудуди 2,5 млн доллар)-ро ташкил дода, 4,8 млн сомонӣ (448 ҳазор доллар) ба  пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ равона шудааст.

Дар Кумита эътироф мекунанд, ки дар асл теъдоди блогерон хеле зиёдтар аст, лекин дар мавриди ошкор кардан, бақайдгирӣ ва андозбандии чунин субъектҳо мушкилиҳо ҷой доранд, зеро барои ин корҳо вақти хеле зиёд лозим аст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2021 блогерони Тоҷикистонро ба пардохти андоз аз даромадҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube, аз ҷумла даромадҳо аз гузаронидани бозии лотерея ва дигар бозиҳо уҳдаор намуданд.

Мувофиқи қонунгузории андози кишвар, блогере, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ бар асоси шаҳодатнома кор мекунад, андозро бо тариби соддашуда дар ҳаҷми 6% аз даромади умумии худ пардохт мекунад.

Блогере, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, аз фоидаи худ 18% пардохт мекунад, яъне баъди аз ҳисоб баровардани хароҷоте, ки аз даромад ба даст оварда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.