Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри хабарномае дар саҳифаи фейсбукии худ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ҳамчун пешхизмат, фурӯшанда, хазинадор ва дар соҳаи  чорводорӣ ба Давлати Қатар даъват кардааст. Ба навиштаи ин ниҳод, музди меҳнат 700 доллар (7630 сомонӣ ба ҳисоби имрӯз) буда, корманд бо ҷойи хоб, се вақт хӯрок, либоси […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри хабарномае дар саҳифаи фейсбукии худ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ҳамчун пешхизмат, фурӯшанда, хазинадор ва дар соҳаи  чорводорӣ ба Давлати Қатар даъват кардааст.

Ба навиштаи ин ниҳод, музди меҳнат 700 доллар (7630 сомонӣ ба ҳисоби имрӯз) буда, корманд бо ҷойи хоб, се вақт хӯрок, либоси махсуси корӣ, корти нақлиётии ройгон ва хидматрасонии тиббӣ таъмин мегардад ва чиптаи ҳавопаймо низ аз ҷониби корфармо харидорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони аз 20 то 45-сола метавонанд ҳамчун довталаб муроҷиат кунанд. Талаботи асосӣ донистани забони англисӣ ё арабӣ ва надоштани доғи судӣ гуфта мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд ба муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, ки дар кӯчаи С.Айнӣ 121, н.Шоҳмансур, ш.Душанбе воқеъ аст, муроҷиат кунанд. Барои маълумоти бештар бо рақамҳои 225-05-75, 225-02-21 метавонед тамос гиред.

Қаблан низ Вазорати меҳнат ва муҳоҷират рӯйхати касбу ихтисосҳоеро, ки дар кишвари Қатар серталаб аст, нашр карда буд. Он замон низ донистани забони англисӣ ё арабӣ талаботи асосӣ гуфта мешуд, аммо музди меҳнат 550 доллари ИМа зикр мешуд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи ноябри соли 2024 Гулнора Ҳасанзода, вазири пешини меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон бо Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ, вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Қатар масъалаҳои танзими сафари коргарон, тартиби бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шарту шароит ва будубоши довталабон дар Қатарро муҳокима карда буд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон баъди тазйиқу зери фишор қарор гирифтани шаҳрвандонаш дар Русия барои гуногунсамт кардани муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои дигар роҳ меҷӯяд. Аз ҷумла ба кишварҳои Аврупову Куриё ва ҳамакнун ба Қатар ва Арабистони Саудӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.