Имтиёзи ҳукумат ба ширкати “Сомон Эйр” барои воридоти ду ҳавопаймои “Boeing” тамдид карда шуд

Имтиёзи ҳукумат оид ба озод кардани ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои воридоти ду ҳавопаймои “Boeing" аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) то моҳи августи соли 2026 тамдид карда шуд. Дар ин бора қарори ҳукумат қабул шуд, ки онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст. “Азия-Плюс” бо нусхаи ин қарор имрӯз, 7-уми апрел шинос […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имтиёзи ҳукумат оид ба озод кардани ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои воридоти ду ҳавопаймои “Boeing" аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) то моҳи августи соли 2026 тамдид карда шуд.

Дар ин бора қарори ҳукумат қабул шуд, ки онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст. “Азия-Плюс” бо нусхаи ин қарор имрӯз, 7-уми апрел шинос шуд.

"Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати ҳавопаймоии Сомон-Эйр" дар муҳлати тамдиди (то 30 августи соли 2026) воридоти муваққатии 2 адад ҳавопаймоҳои тамғаи "Боинг 737-800" (рақами корхонавиашон 39861 ва 39868) аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда, ки қонунгузории гумрукӣ ҳангоми воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт пешбинӣ менамояд, озод карда шавад", – гуфт мешавад дар қарори ҳукумат.

Вале маблағи боҷи гумрукӣ ва АИИ, ки ин ширкат барои ду ҳавопаймо озод карда шуд, маълум нест.

“Сомон Эйр” қаблан хабар дода буд, ки ҳавопаймоҳои “Boeing 737-800” аз ширкати лизингии “Aviation Capital Group” гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки соли 2022 дар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба муддати 5 сол аз пардохти андози даромад ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод гардиданд.

Дар асоси он то соли 2027 ширкатҳои хориҷӣ ё ғайрирезидентҳое аз андоз озод шудаанд, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон чархбол, муҳаррику қисмҳои эҳтиётӣ медиҳанд ва ё таъмиру хидматрасонӣ мекунанд.

Зимнан, ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои ворид кардани сӯзишворию моеъҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ, воридоти худи ҳавопаймову чархбол, муҳаррикҳое, ки бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ворид мешавад, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) намесупоранд.

Дар порлумон яке аз далелҳои пешниҳоди сабукӣ арзон кардани билети ҳавопаймо муаррифӣ гардид, аммо амалан тағйироти чашмрас дида намешавад.

Имтиёз додан ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон амалан як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ – “Сомон Эйр” фаъолият мекунад, ки он ҳам ғайридавлатӣ аст. Ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик Эйр” ба мушкили молӣ печида, тақрибан аз фаъолият бозмондааст. Чанд сол аст ҳукумат мехоҳад вазъи онро беҳбуд бахшад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.