“Ба рӯи ҷиянаш оби ҷӯш пошид”. Боздошти ду бародар бо гумони латукӯби ҳамсар ва духтари бародари дигарашон

Пулиси Хатлон ду сокини ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро бо гумони латукӯби ҳамсару духтари бародарашон боздошт кардааст. Раёсати ВКД дар Хатлон бо нашри ин хабар аз боздоштшудаҳо Мадаминов Нуралии 41-сола ва Зокиров Дилшоди 44-сола ном бурд. Ҳодиса кай рух додааст маълум нест. Ба гуфтаи ин ниҳод, ин ду бародар ба хонаи бародари сеюмашон – Мадаминов Аҳтамҷон ворид гашта, […]

Пулиси Хатлон ду сокини ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро бо гумони латукӯби ҳамсару духтари бародарашон боздошт кардааст.

Раёсати ВКД дар Хатлон бо нашри ин хабар аз боздоштшудаҳо Мадаминов Нуралии 41-сола ва Зокиров Дилшоди 44-сола ном бурд. Ҳодиса кай рух додааст маълум нест.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ин ду бародар ба хонаи бародари сеюмашон – Мадаминов Аҳтамҷон ворид гашта, ҳамсар ва духтари ӯро латукӯб ва бо корд таҳдиди куштан кардаанд. 

“Дастгиршудаи дигар, Зокиров Дилшод як адад зарфи ғунҷоишаш 1 литраи пур аз оби ҷӯшидаро гирифта, қасдан ба қисмати рӯйи ҷиянаш, яъне духтари бародараш Мадаминова Раъногул пош медиҳад”, – омадааст дар хабарнома.

Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷа духтари 20-солаи бародарашон бо ҷароҳатҳои сӯхтаи мавзеҳои рӯй, гардан, қафаси сина ва дигар узвҳо дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудааст.

Мақомот шарҳи бештар надодаанд. Маълум нест, ки чаро бародарон даст ба чунин кор задаанд. Назари худи боздоштшудаҳо ва наздикони онҳо ҳам дар ин маврид дастрас нест.

Ҳоло мақомот бар зидди гумонбарон бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” (моддаи 110 қисми 2 КҶ) парванда боз кардааст. 

Бар асоси ин иттиҳом ба онҳо аз 8 то 12 сол зиндон таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.