Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА пас аз бохти 0:5 аз Беларус чӣ гуна тағйир ёфт?

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) радабандии навшудаи мунтахабҳои мардонаи ҷаҳонро нашр кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Федератсия хабар медиҳад. Пешсафи радабандӣ мунтахаби Аргентина боқӣ мондааст, ки қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон аст. Зинаи дуюмро Испания ва зинаи сеюмро Фаронса Касб кардаанд. Ба даҳгонаи аввал (ТОП-10) Англия, Бразилия, Нидерланд, Португалия, Белгия, Италия ва Олмон шомиланд. Бино ба […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) радабандии навшудаи мунтахабҳои мардонаи ҷаҳонро нашр кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Федератсия хабар медиҳад.

Пешсафи радабандӣ мунтахаби Аргентина боқӣ мондааст, ки қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон аст. Зинаи дуюмро Испания ва зинаи сеюмро Фаронса Касб кардаанд. Ба даҳгонаи аввал (ТОП-10) Англия, Бразилия, Нидерланд, Португалия, Белгия, Италия ва Олмон шомиланд.

Бино ба маълумоти нашршуда, тими миллии Тоҷикистон дар муқоиса бо радабандии пешина мавқеи худро нигоҳ дошта, бо 1203.08 имтиёз дар мақоми 104-ум қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи март футболбозони Тоҷикистон ду бозӣ гузаронида, дар вохӯрии дӯстона аз тими Беларус бо ҳисоби калони 0:5 шикаст хӯрданд ва дар бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё бо ҳисоби 1:0 тими Тимори Шарқиро мағлуб карданд.

Байни дастаҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон дар зинаи – 57-ум,  Қирғизистон – 103-юм, Қазоқистон – 113-ум ва Туркманистон – 142-ум ҷойгир шудаанд.

Миёни тимҳои қораи Осиё Ҷопон пешсаф (мақоми 15-ум) буда, Эрон (мақоми 18-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ (зинаи 23-юм) дар сегонаи пешсафонанд.

Дар даҳгонаи аввал Австралия (26), Қатар (55), Ӯзбекистон (57), Арабистони Саудӣ (58), Ироқ (59), Урдун (62) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (65) қарор доранд.

Дар радабандии ФИФА ҳамагӣ 211 даста зикр шудаанд. Радабандии нав 10 июли соли 2025 нашр мешавад.

Радабандии ФИФА. Даҳгонаи аввал (ТОП-10):

1 (1 – мақом дар радабандии пешина). Аргентина – 1886,16 имтиёз;

2 (3). Испания – 1854,64;

3 (2). Фаронса – 1852,71;

4 (4). Англия – 1819,2; 5 (5).

5. Бразилия – 1776,03; 6 (7).

6. Нидерланд – 1752,44;.

7. (6) Португалия – 1750,08;

8 (8). Белгия – 1735,75;

9 (9). Италия – 1718,31;

10 (10). Олмон – 1716,98.

Кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР): 25 (25 – мақом дар радабандии пешина); Украина – 1559,81 имтиёз; 35 (34); Русия – 1516,27; 57 (58); Ӯзбекистон – 1437,02; 68 (68). Гурҷистон – 1373,05; 98 (98) Беларус – 1235,36; 102 (100). Арманистон – 1208,31; 103 (107). Қирғизистон – 1205,68; 104 (104). Тоҷикистон – 1203,42; 113 (110). Қазоқистон – 1177,66; 119 (117). Озарбойҷон – 1150,64; 121 (123). Эстония – 1144,48; 140 (137). Латвия – 1084,11; 142 (141). Туркманистон – 1076,13; 143 (142). Литва – 1072,56; 154 (151). Молдова – 1031,37.

Қобили зикр аст, ки Беҳтарин натиҷаи Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2024 – зинаи 99-ум пас аз ҳунарнамоии муваффақона дар давраи финалии Ҷоми Осиё дар Қатар ба қайд гирифта шудааст. Беҳтарин нишондиҳандаи дуюми Тоҷикистон дар радабандии дастаҳои мунтахаб – зинаи 106-ум дар моҳи июли соли 2013 мебошад, ки дар ин сол мунтахаби кишвар 40 зина боло рафта буд.

Бадтарин натиҷаи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар соли 2003-юм – зинаи 180-ум мебошад. Бадтарин нишондиҳандаи миёнаи солона дар соли 2002-юм – зинаи 168-ум байни 207 даста сабт шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.