Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон як қадам наздиктар шуд

Рӯзи 5-уми апрел тими миллии наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, дар баробари мунтахаби Уммон (U-17) пирӯзӣ ба даст овард. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони навраси тоҷик анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби кишвари моро Зариф Зарифзода ва Назрулло Ашӯрализода ба ҳадаф […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Рӯзи 5-уми апрел тими миллии наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, дар баробари мунтахаби Уммон (U-17) пирӯзӣ ба даст овард.

Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони навраси тоҷик анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби кишвари моро Зариф Зарифзода ва Назрулло Ашӯрализода ба ҳадаф расониданд.

Дар даври дуюми Ҷоми футболи Осиё-2025 футболбозони навраси тоҷик рӯзи 8 апрел бо тими Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунанд.

Ҷоми футболи Осиё-2025 байни наврасони то 17-солаи аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад. Ин 20-умин мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё аст, ки ҳар ду сол аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё гузаронида мешавад. Бозиҳо дар ду варзишгоҳ – Ҷидда ва Таиф баргузор мешаванд.

Дар ин мусобиқа 16 тим, аз ҷумла, наврасони тоҷик ҳам ширкат мекунанд. Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳашт дастаи беҳтарин баъди ин даври гурӯҳӣ роҳхати мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025-ро, ки аз 5-ум то 27-уми ноябр дар Қатар мегузарад, ба даст меоранд.

Тими мо дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Уммон (2:1), Куриёи Шимолӣ (8 апрел) ва Эрон (11 апрел) барои роҳ ёфтан ба марҳилаҳои баъдӣ рақобат мекунанд.

 

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон U17:

Дарвозабонон: Муҳаммадраҳим Раҳмонов, Анӯшервон Қурбонзода, Абӯбакр Раҳмонқулов.

Ҳимоятгарон: Абдусамад Маликмуродов, Садриддин Сатторов, Меҳроҷиддин Розиқов, Мустафо Ҳасанбеков, Аҳмад Шоев, Шуҳрат Нурматов, Мубориз Мискиншоев.

Нимҳимоятгарон: Баҳодур Назарзода, Абдулло Иброҳимзода, Рамазон Бахталиев, Зариф Зарифзода, Парвиз Бобоназаров, Умед Ҷафоев, Фуркон Раҳимзода, Ҳайдаршо Худойдодов,  Меҳрубон Одилзода, Давид Мақсудов.

Ҳамлагарон: Муҳаммад Назриев, Абдуқаюм Фузайлов, Назрулло Ашӯрализода.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.