Вакилон қабул карданд. То 10 соли зиндон барои истифодаи “ғайриқонунии нерӯи барқ” ва “напардохтани пули он”

Вакилони палатаи поёнии парлумон тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятиро қабул кардаанд, ки дар асоси он ҷазо барои шаҳрвандон, мансабдорон ва роҳбарони ташкилоту коргоҳҳо, ки нерӯи барқро ғайриқонунӣ истифода мебаранд, сангин мешавад. Бар пояи тарҳи қонуне, ки онҳо рӯзи 2-апрел баррасӣ ва қабул кардаанд, касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон мекунанд, аз 27 ҳазор то […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумон тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятиро қабул кардаанд, ки дар асоси он ҷазо барои шаҳрвандон, мансабдорон ва роҳбарони ташкилоту коргоҳҳо, ки нерӯи барқро ғайриқонунӣ истифода мебаранд, сангин мешавад.

Бар пояи тарҳи қонуне, ки онҳо рӯзи 2-апрел баррасӣ ва қабул кардаанд, касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол ба зиндон маҳкум мегарданд.

Ин ҷазо дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он", ки дар маҷлиси ҳукумати кишвар садо дод, муқаррар карда шуд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, ки ин тағйирот бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ таҳия гардидааст.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳоро Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар муаррифӣ карда, дар ҳузури вакилон ҳолатҳои собит шудани истифодаи ғайриқонунии барқро таъйид карда, гуфтааст, ки “бархеҳо бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи нерӯи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд”.

“Дар натиҷа ба манфиатҳои иқтисодии кишвар зарари ҷиддӣ мерасонанд”, – таъкид кардааст Музаффар Ашӯриён.

 

Барои дуздии барқ чӣ гуна ҷазои ҷиноятӣ ҳаст?

Тибқи лоиҳа ба моддаи 253-и Кодекси ҷиноятӣ иловаи 1 изофа гардид, ки барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад:

– мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур, “барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он… инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ (агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад) аз 27 ҳазору 375 то 41 ҳазору 25 сомонӣ ҷарима (аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ё то 3 соли зиндон татбиқ карда мешавад;

– дар асоси қисми 2-м моддаи мазкур агар кирдори қисми 1-ум ин модда “ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад” шахс аз 60 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима (аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва ё аз 3 то 6 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

– Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ё 2 ҳамин модда “агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд” аз 6 то 10 соли зиндон пешбинӣ мешавад.

Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025-ум 75 сомонӣ аст.

 

Барои барқдуздӣ ҷазои маъмурӣ ҳам пешбинӣ шудааст

Палати поёнии парлумон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳам тағйирот ворид кардааст, ки ба шаҳрвандон, ба вижа мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо дар сурати дуздидани барқ ҷаримаи сангин бешбинӣ мекунад.

Тибқи тағйироти моддаи 382-и Кодекси мазкур барои чунин амалҳо, ҷарима татбиқ мешавад:

– истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ;

– худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ;

– истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ;

– кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ;

– аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ;

– тағйир додани нишондод бо мақсади насупоридани маблағи қувваи барқ;

Барои чунин кирдорҳо шаҳрвандони оддӣ аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазору 250 сомонӣ (аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), мансабдорон аз 2 ҳазору 250 то 3 ҳазору 750 сомонӣ (аз 30 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва роҳбарони коргоҳу корхона ва ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) аз 15 ҳазор то 22 ҳазору 500 сомонӣ (аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима мешаванд.

 

Пас аз нигаронии Эмомалӣ Раҳмон

Ёдовар мешавем, ки дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 27-уми март таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон  баргузор шуд, пешниҳод гардида буд, ки барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва насупоридани маблағи истифодаи он ҷавобгарии ҷиноятӣ татбиқ карда шавад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими тирамоҳу зимистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад, Дар ҳамин ҳол, мақомот аз напардохтани пули барқ аз тарафи аҳолӣ ва корхонаҳо нигаронӣ карда, ҳатто гоҳо набудани барқро ба пардохт нашудани ҳаққи истифодаи он нисбат медиҳанд.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз 1-уми апрели соли 2025 таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он боло рафт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.