Тоҷикистону Эрон мусобиқаҳои муштараки варзишӣ мегузаронанд. Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Рӯзи 6-уми апрел дар Душанбе дар чаҳорчӯби Анҷумани минтақавии Шӯрои олимпии Осиё (ШОА) миёни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон созишномаи дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои варзишӣ ба имзо расид. Ин санадро Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Маҳдӣ Алинажод, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Эрон  имзо карданд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, созишнома ба таҳкими […]

Рӯзи 6-уми апрел дар Душанбе дар чаҳорчӯби Анҷумани минтақавии Шӯрои олимпии Осиё (ШОА) миёни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон созишномаи дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои варзишӣ ба имзо расид.

Ин санадро Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Маҳдӣ Алинажод, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Эрон  имзо карданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, созишнома ба таҳкими равобити дуҷониба ва рушди зарфияти варзишии ҳарду кишвар нигаронида шудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамкориҳоро дар чанд самт фаъол созанд. Аз ҷумла, ба тамрини варзишгарон, бозомӯзии мураббиёну доварон, баргузории лагерҳо ва чорабиниҳои муштараки варзишӣ дар Эрон ва Тоҷикистон, истифодаи мутақобилаи инфрасохтор, инчунин таҳкими робитаҳои созмонҳои варзишӣ бо академияҳо.

Ин Ёддошти тафоҳум аз лаҳзаи имзо шудан ба иҷро медарояд ва то поёни соли 2028 эътибор дорад. Дар ҳолати зарурат, мумкин аст муҳлати он тамдид карда шавад.

Бояд гуфт, ки ин созишнома дар пайи сафари давлатии Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ ба имзо расида буд. Он вақт ӯ ҷонибдори амиқтар шудани ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ, илмӣ ва гуманитарӣ буд.

Ёдрас мешавем, ки дар анҷумани минтақавии Шӯрои олимпии Осиё, ки аз 6 то 7-уми апрел дар Душанбе ҷараён дорад, 65 ширкаткунанда аз 22 кишвари Осиёи Марказӣ ва Ғарб иштирок доранд.

Дар ҷаласа, нақшаи ҳамбастагии олимпӣ барои солҳои 2025-2028, омодагӣ ба Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн, ки моҳи октябри соли 2025 баргузор мешавад, инчунин Бозиҳои XX осиёӣ дар Ҷопон ва Бозиҳои осиёӣ дар Арабистони Саудӣ, ки соли 2026 пешбинӣ шудааст, баррасӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.