Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки имрӯз, 11-уми апрел бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар баргузор шуд, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дубора раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар давраи гузашта ҳам раиси палатаи болоии парлумон буд. “Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами […]

Asia-Plus

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки имрӯз, 11-уми апрел бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар баргузор шуд, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дубора раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар давраи гузашта ҳам раиси палатаи болоии парлумон буд.

“Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд”, -хабар медиҳад Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Манбаъ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ баъди интихоб шудан  дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд кард.

Дар идома, кори иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии таҳти роҳбарии раиси нав идома ёфт.

Маҷлиси миллӣ палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аст, ки аз 33 узв иборат аст. 25 узви он аз сӯйи вакилони маҷлисҳои маҳаллии ВМКБ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон интихоб мешаванд. Ҳашт узви дигари маҷлисро раисҷумҳури кишвар таъин мекунад.

Рӯзи 28-уми март 25 аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи панҷ минтақаи кишвар интихоб гардиданд.

Рӯзи 3-юми апрел Эмомалӣ Раҳмон шаш узви дигари онро таъин кард ва аз рӯи салоҳият ҳақ дорад ду узви дигарро таъин кунад. 

Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои густурда, аз ҷумла, тасдиқи қонунҳо ба ғайр аз қонуни буҷа бархӯрдор аст. Додрасҳои Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ва додситони кулл ҳам танҳо баъди тасдиқи ин ниҳод ба кор оғоз мекунанд.

Мувоффиқи қонунгузории кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввум баъди роҳбари давлат ба ҳисоб меравад, ки дар сурати корношоям шудани раиси ҷумҳур ваколатҳои ӯро то интихоботи навбатӣ ба зимма мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.