“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд

Дар Душанбе ду кӯдаки 8 ва 10-соларо, ки модарашон ба талбандагӣ маҷбур мекард, ҷудо карда, ба мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе супоридаанд. Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ин зани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамарӯза кӯдаконро ба кӯча ронда, онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекардааст. “Маблағи бадастомадаро барои харидани маводи нашъадор ва машрубот сарф […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар Душанбе ду кӯдаки 8 ва 10-соларо, ки модарашон ба талбандагӣ маҷбур мекард, ҷудо карда, ба мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе супоридаанд.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ин зани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамарӯза кӯдаконро ба кӯча ронда, онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекардааст.

“Маблағи бадастомадаро барои харидани маводи нашъадор ва машрубот сарф карда, дар марказҳои дилхушӣ ба айшу ишрат машғул мегардид”, – гуфта мешавад дар хабарнома.

Дар гузориши видеоии пулис, кӯдакон гуфтаанд, модарашон онҳоро “бо тахтаи мехчадор мезад ва мегуфт, ки 300-400 сомонӣ ёфта оранд”.

Мақомот нисбати ин зан маводи зарурӣ тартиб дода, бо ҳалномаи додгоҳ (мувофиқи моддаи 73-и Кодекси оила, ки гирифтани кудакро бе маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷоза медиҳад) кудаконро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернати рақами 1-и пойтахт ҷойгир кардаанд.

Пулиси пойтахт мегӯяд, ин кӯдакон қаблан низ чанд маротиба ба далели оворагардӣ ва машғул будан ба талбандагӣ ба мақомот оварда шуда буданд.

Ба гуфтаи мақомот худи зан қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шуда будааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан пулиси Душанбе гуфта буд, назоратро болои волидайне, ки масъулияти худро дар тарбияи фарзандон иҷро намекунанд, сахттар мекунад ва дар сурати аз уҳдаи тарбияи кӯдакон набаромадани падару модар онҳоро аз дасташон мегирад ва ба муассисаҳои махсуси таълимӣ месупорад.  

Манбаъ гуфта буд, ин тасмим “дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ” амалӣ карда мешавад.

Он замон мақомот иттилоъ дода буд, як ноболиғи 15-сола, ки дар шаҳри Душанбе борҳо ҷинояти дуздӣ содир карда, шабона ба оворагардиву талбандагӣ дар роҳҳои мошингард машғул мешуд, аз модараш гирифта, дар муассисаи махсуси таълимӣ “Лисейи махсуси касбӣ – техникӣ”-и шаҳри Душанбе супорида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.