Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар кори он раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов иштирок кард. Роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳам ба Ӯзбекистон омада буданд. Расонаҳо бо истинод ба хадамоти матбуоти КДАМ Қирғизистон хабар медиҳанд, ки дар вохӯрӣ […]

Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар кори он раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов иштирок кард.

Роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳам ба Ӯзбекистон омада буданд.

Расонаҳо бо истинод ба хадамоти матбуоти КДАМ Қирғизистон хабар медиҳанд, ки дар вохӯрӣ ба масоили таҳияи равишҳои ягона нисбат ба арзёбии таҳдиду чолишҳои рӯзмарра, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мутақобила дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, ҷинояткории фаромарзӣ ва таҳдидҳои киберӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар доираи муколама ҷонибҳо тадбирҳои мушаххас оид ба таҳкими амнияти киберӣ ва иттилоотиро баррасӣ намуда, инчнуин самтҳои ҳамкории минбаъдаи барои тарафайн манфитнокро муайян карданд.

“Аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати мунтазам баргузории машваратҳои ба ин монанд изҳори омодагӣ намуда, муҳим будани нигаҳдорӣ ва рушди чунин шакли ҳамкории мутақобилаи минтақавиро таъкид доштанд”, – илова шудааст дар хабар.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.