Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд

Дар пайи татбиқи ҷазо барои “дуздӣ"-и барқ дар Кодекси ҷиноятӣ, ҳамчунин, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳам тағйирот ворид гардид, ки дар асоси он барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ  шаҳрвандон, ба вижа мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд. Қаблан, лоиҳаи қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар пайи татбиқи ҷазо барои “дуздӣ"-и барқ дар Кодекси ҷиноятӣ, ҳамчунин, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳам тағйирот ворид гардид, ки дар асоси он барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ  шаҳрвандон, ба вижа мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Қаблан, лоиҳаи қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба кодекси ҳуқуқвайронкуниро вакилони палати поёнии парлумон ба тасвиб расонида буданд, вале дар бораи қабули он аз сӯи Маҷлиси миллӣ, палати болоии парлумон ва имзо он аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дигар хабар нашр нашуд.

Он замон гуфта мешуд, ки тағйирот ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ворид карда мешавад, ки тибқи он аз ҷумла истифодаи барқу гармӣ бе истифода аз таҷҳизоти барқӣ (счетчик) ва ё кандан ва шикастани пломбаҳои он ҷаримаи сангин пешбинӣ мекунад.

Дар матни Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар сомонаи Маркази миллии қонунгузорӣ ҷой дода шудааст, ин тағйирот дида мешавад. Дар асоси моддаи 382-и Кодекси мазкур барои чунин амалҳо, ҷарима татбиқ мешавад:

– истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ;

– худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ;

– истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ;

– кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ;

– аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ;

– тағйир додани нишондод бо мақсади насупоридани маблағи қувваи барқ.

Барои чунин кирдорҳо

– шаҳрвандони оддӣ аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазору 250 сомонӣ (аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);

– мансабдорон аз 2 ҳазору 250 то 3 ҳазору 750 сомонӣ (аз 30 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);

– роҳбарони коргоҳу корхона ва ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) аз 15 ҳазор то 22 ҳазору 500 сомонӣ (аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима мешаванд.

Қаблан барои ин кирдорҳо шаҳрвандони оддӣ аз 225 то 375 сомонӣ, мансабдорон аз 1125 то 1,5 ҳазор сомонӣ ва соҳибону корхонаву коргоҳҳо аз 7,5 ҳазор то 15 ҳазор сомонӣ ҷарима мешуданд.

Қисми 2-юми моддаи 382, ки такроран содир намудани ин кирдорҳоро пешбинӣ мекард, пурра бардошта шуд. 

Ёдрас мешавем, ки пешниҳоди ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумати кишвар “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он”, муқаррар карда шуд. 

Дере нагузашта вакилони парлумон тағйирот ба ду кодекс дар робита ба татбиқи ҷазоро барои ба истилоҳ “дузд”-ии барқ қабул карданд ва рӯзи 11-уми апрел вакилони Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйирот дар Кодекси ҷинояиро ба тасвид расониданд. Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари чанд лоиҳаи қонуни дигар, тағйиру иловаҳо ба онро имзо кард.

Бар пояи ин тарҳи қонун касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Минбаъд барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ напардохтани пули он чӣ гуна чораҷӯйӣ сурат мегирад дар линки зер даромада мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.