Парвандаи гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба додгоҳ фиристода мешавад

Интизор меравад, ки нимаи моҳи июни соли равон додгоҳе дар шаҳри Маскав ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ алайҳи чаҳор муттаҳами асосӣ дар ҳамла ба толори консертии “Крокуси сити Ҳол” оғоз кунад. Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” бо такя ба манобеи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, оид ба ҳамлаи террористӣ дар […]

Asia-Plus

Интизор меравад, ки нимаи моҳи июни соли равон додгоҳе дар шаҳри Маскав ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ алайҳи чаҳор муттаҳами асосӣ дар ҳамла ба толори консертии “Крокуси сити Ҳол” оғоз кунад. Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” бо такя ба манобеи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, оид ба ҳамлаи террористӣ дар парванда далелҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳоло шиносии муттаҳамон ва ҳимоятгарони онҳо бо ин далелҳо идома дорад.

“Пас аз анҷоми ин тартиб, мавод барои тасдиқи айбнома ба додситонӣ ва сипас ба додгоҳ фиристода мешавад”, – гуфтааст манбаъи “ТАСС”.

Ёдовар мешавем, ки моҳи март Додгоҳи шаҳри Маскав ҳабси чаҳор нафари эҳтимолии амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро тамдид кард. Мӯҳлати боздошти Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фариддун Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов то 22 май дароз карда шуд.

Ин бори панҷум аст, ки додгоҳ ҳабсии пешакии гумонбарони аслии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-ро тамдид мекунад. Қаблан, рӯзи 19-уми феврали соли равон баъди 3 маротибаи тамдиди муҳлати боздошт, додгоҳ бори дигар муҳлати ҳабси онҳоро як моҳ -то 24-уми март дароз карда буд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” рӯзи 22-юми марти соли 2024 рух дод. Бар асари он 146 нафар кушта ва 551 каси дигар захмӣ шудаанд.

Моҳи майи соли 2024 ХБФ-и Русия аз боздошти 20 нафар, аз ҷумла, гумонбарони ин ҳодиса ва ҳамдастони онҳо хабар дод. Баъдан дар моҳи октябр мақомоти рус эълом карданд, ки шохаи “ДОИШ-Хуросон” дар ин ҳамла даст доштааст.

Дертар Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия эълом кард, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ ба "Крокус"-и Маскав 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони амали террористиро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии  боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.